Ғарқшавии 4 мактабхони Истаравшан дар дарёи Сир: мудири ин мактаб баъди ҳодиса бистарӣ шудааст

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бегоҳии 7-уми июл ҷасади беҷони чаҳор навраси 15-соларо аз дарёи Сир берун кашидаанд. Наврасони ғарқшуда хонандаи мактаби № 60 шаҳри Истарвшан будаанд ки ҳангоми оббозӣ дар мавзеи “Боғи Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ғарқ шудаанд.

Ҷасади ин наврасонаро соати 07.00 субҳи 8-уми июл, дар зодгоҳашон деҳаи Янгиқишлоқи Истаравшан ба хок супурдаанд.

Бино ба иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд ҳодисаи нахустин, тақрибан соати 15:00 бегоҳии 7-уми июл рух дода, ҷаҳор навраси ғарқшуда ҳама ҳамсинф, хонандагони синфи 9-и мактаби рақами 60-и ҷамоати Ниҷонии шаҳри Истаравшан будаанд.

Шаҳзода Бутаева, сухангӯйи ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт наврасон дар мавзее аз дарёи Сир оббозӣ кардаанд, ки барои шиноварӣ мамнуъ эълон шудааст. Ӯ гуфт шахсияти ҷасадҳо маълум аст, вале далели аз Истаравшан ба Хуҷанд омадан ва ҳамроҳ бо кӣ барои шиноварӣ рафтанашон маълум нест.

 “Ин наврасони фавтида Хидиров Лазизбек Ойбекович, Каромқулов Бахтиёр Ҷамолиддинович, Мамадисоев Аслбек Илбекович, Каримов Садриддин Сувонович мебошанд. Ҷасадҳоро барои санҷиш ба мақомоти милиса бурданд ва сабабу омилҳои ғарқшавии наврасон аз ҷониби додситонӣ  таҳқиқ мешавад”.

Дар ҳамин ҳол як наҷотдиҳандаи ин ситод, ки замони берун кашидани ҷасадҳо аз дарёи Сир иштирок кардааст мегӯяд, то ҷойе, ки аз суҳбати кормандони додситонӣ фаҳмидааст, ки ин 4 макттабхон ҳамроҳ чанд омӯзгори  мактаб аз Истаравшан ба Хуҷанд омадаанд.

“Дар ҷойи ҳодиса додситони шаҳри Хуҷанд, кормандони милиса буданд ва омӯзгорону дигар нафаронро бозпурсӣ карданд ва ҷасадҳоро гирифта рафтанд”.

Як корманди бахши маорифи Истаравшан бидуни зикри ном гуфт, хонандагон ҳамроҳи директори мактаб ва боз се омӯзгор ба Хуҷанд рафта буданд. Ӯ гуфт ба эҳтимоли зиёд онҳо барои саёҳат ба Хуҷанд омадаанд ва дар дарёи Сир ҳангоми оббозӣ  ғарқ шудаанд.

“Худи директори мактаб, баъди ҳодиса дар ҳолати (беҳушӣ) кома дар яке аз беморхонаҳои Хуҷанд бистарӣ шудааст. Дар умум чанд нафар ва бо кадом сабаб рафтаанд ҳоло ба мо низ норӯшан аст, то ҷойе фаҳмидем эҳтимол барои сайругашт рафта бошанд”,-гуфт манбаъ

Дар Раёсати маорифи шаҳри Итаравшан, субҳи 8-уми июл бо таъйиди ин ҳодиса ба “Азия-Плюс”, аз ироаи ҷузъиёти бештар  худдорӣ карданд.  Аммо Сулҳиддин Иномбоев, муовини сардори ин раёсат дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “маълумоти мушаххас дар даст надоранд, аз бегоҳии дирӯз телефонҳои директори мактабу дигар шахсони масъул хомӯш аст, эҳтимол дар бозпурсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд”.

Зимнан, шоми рӯзи 7-уми июл ва баъди тахмин 5 соати ғарқшавии чаҳор наврас аз Истаравшан, дар мавзеъи “Боғи Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, боз ҷасади як ҷавони 24-сола аз дарёи Сир берун оварда шудааст. Аз ӯ Шоҳрух Юлдошов, сокини ҷамоати шаҳраки Чорухдарони шаҳри Гулистон ном мебаранд, ки тахминан соати 19:30 зимни шиноварӣ ғарқ шуда будааст.

Дар шаш моҳи имсол дар кӯлу дарёҳои вилояти Суғд бино ба омори охирони ғарқшавӣ ҷасади 14 нафар пайдо шудааст. Ин дар ҳоле, ки дар соли 2020 ин рақам ҳамагӣ баробар ба 7 нафар буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...