Дар Лужникии Маскав Маркази бузурги воксинзании муҳоҷирон боз шуд

Asia-Plus

Дар “Лужники”-и шаҳри Маскав Маркази нави ваксинзанӣ аз COVID-19 боз шуд, ки асосан барои кор бо хориҷиён пешбинӣ шудааст. Дар ин бора дар сомонаи раиси шаҳри Маскав хабар дода мешавад.

“Ин марказ яке аз бузургтарин дар ҷаҳон буда, дар як шабонарӯз ҳудуди 15 ҳазор нафарро қабул карда метавонад”, – гуфтааст раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин зимни боздид аз ин маркази нав.

Бо қарори Вазорати тандурустии Русия, ваксинзании шаҳрвандони хориҷӣ бо ваксинаи яктаркибаи «Спутник Лайт» гузаронидда мешавад, ки дар Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологияи ба номи Н.Ф.Гамалеи таҳия шудааст.

Маблағи ваксинзанӣ, ки 1300 рублро ташкил медиҳад, аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ тариқи терминалҳои махсус ё мутамарказ аз тарафи корфармо пардохта мешавад. Дар бунгоҳҳои ваксинзанӣ риояи қоидаҳои бехатарии эпидемиологӣ таъмин карда шудааст.

Баргузории ваксинзаниро 25 нафар табибон ва 99 нафар ҳамшираҳои шафқат аз дармонгоҳҳои шаҳр таъмин мекунанд. Ба онҳо 99 нафар кормандони марказҳои хизматрасонии давлатии “Мои документы” (Ҳуҷҷатҳои ман) ва 123 нафар маъмурон ёрӣ мерасонанд.

Барои гирифтани ваксина шаҳрвандони хориҷиро лозим аст, ки шартнома баста, ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намоянд, ки қонунӣ будани ҳузури онҳоро дар қаламрави Русия тасдиқ намояд.

Ваксинзании гурӯҳҳои муташаккил бо дархости корфармоҳо гузаронида мешавад, ки ба пешниҳоди маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳо ба ҳар як корманди хориҷӣ уҳдадоранд. Ҳамчунин корфармо ба нуқтаи ваксинзанӣ овардани кормандонро дар вақти пешакӣ мувофиқашуда ташкил мекунад. Аз ваксинзанӣ гузаштан бо гувоҳнома (сертификат)-и коғазӣ тасдиқ ва ба корфармо дода мешавад. Корфармо сипас онро ба корманди худ медиҳад. Шахсони воқеӣ гувоҳномаро дар ҳамин ҷой ваксинзанӣ мегиранд. Истинод ба гувоҳномаи рақамӣ (QR-код) бо СМС-паёмак меояд. Рақами телефонеро, ки QR-кодро ба он фиристодан лозим аст, корманди маркази “Мои документы” муайян намуда, онро ба низоми ЕМИАС ворид мекунад.

Нуқтаҳои ваксинзанӣ дар “Лужники” ҳамарӯза (бе рӯзи истироҳат) аз соати 10:00 то 22:00 кор мекунанд. Ба ҷуз “Лужники” ваксинзании шаҳрвандони хориҷӣ аз COVID-19 дар нуқтаҳои бозшуда дар Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати “Сахарово” ва маркази савдои “Садовод” гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин аз 7 июл шаҳрвандони хориҷӣ барои ваксинзанӣ ба нуқтаҳое, ки дар заминаи шуъбаҳои пулакии 25 дармонгоҳи шаҳр кушода шудаанд, муроҷиат карда метавонанд. Ваксинро метавон тариқи сабти пешакӣ бо телефон ва бидуни он ҳам гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.