Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори фавтидагон ба 100 нафар наздик мешавад

Тайи шабонарӯзи ахир шумори фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 2 нафар нафар зиёд шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз COVID-19 ба 97 кас расид. Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи ахир 35 нафар афзуда, 13 ҳазору 690 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 437 нафарро […]

Тайи шабонарӯзи ахир шумори фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 2 нафар нафар зиёд шуда, теъдоди умумии фавтидагон аз COVID-19 ба 97 кас расид.

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми шабонарӯзи ахир 35 нафар афзуда, 13 ҳазору 690 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 437 нафарро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 27 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагону фавтидагон аз ин беморӣ ҳазорҳо номбар мешавад.

Чанде пеш Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки ба ҷуз занони ҳомиладор ва модарони ширхорадор, инчунин касоне, ки дар вақти ваксингирӣ дар онҳо коронавирус ошкор шудааст, дигар барои боқимонда шаҳрвандони синни аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ваксинагирӣ ҳатмӣ аст.

Шахсони синни аз 18-сола боло, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ба табиби оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷииат намоянд. Ваксинагузаронӣ бепул аст.

То имрӯз ба Тоҷикистон ду миқдор ваксина аз коронавирус оварда шуд: 192 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи AstraZeneca ва 300 ҳазор вояи ваксинаи Coronavac.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.