Нахустин видеои гурезаҳои иҷбории Афғонистон дар Хоруғ

Саҳфаи расмии ҳукумати Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фейсбук нахустин видео дар бораи паноҳандагони Афғонистонро ба ин вилоят нашр кард. Бино ба маълумоте, ки дар ин видео пешниҳод мешавад, шумори ин фирориён бештар аз 400 нафар будааст. Дар ин видео, ки аз пойбандии Тоҷикистон ба қавонини байналмилалӣ дар ростои паноҳандагону ҳуқуқи башар таблиғ мешавад, зикр […]

Саҳфаи расмии ҳукумати Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фейсбук нахустин видео дар бораи паноҳандагони Афғонистонро ба ин вилоят нашр кард. Бино ба маълумоте, ки дар ин видео пешниҳод мешавад, шумори ин фирориён бештар аз 400 нафар будааст.

Дар ин видео, ки аз пойбандии Тоҷикистон ба қавонини байналмилалӣ дар ростои паноҳандагону ҳуқуқи башар таблиғ мешавад, зикр мегардад, ки "гурезагоне, ки аз даҳшати ҷангиёни гуруҳи "Толибон" ба ҷониби хоки Тоҷикистон роҳ пеш гирифтаанд пазироии самимӣ шудааст".

Дар ин видео гуфта мешавад, ки фирориён дар ҷойҳои муайян ҷо ба ҷо шудаанд. Зоҳиран ба далоили амниятӣ макони буду боши ин паноҳандагон дар видео зикр намешавад. Ҳамчунин дар ин видео гуфта мешавад, ки ин паноҳҷӯён дар давоми чанд рӯзи охир ба хоки Тоҷикистон фирор кардаанд. 

Дар ин видео чанде аз паноҳҷӯён аз Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мекунанд ва мегӯяд, ки шароити хуберо Тоҷикистон барояшон муҳайё кардааст.

Дирӯз сухангӯйи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки аксари фирориёни Афғонистон дар ин вилоятро занону кӯдакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. 

Ниятбеков гуфт, ки паноҳандагон дар ҷойи амн қарор доранд, вале ба хотири амният ҷойи нигаҳдории муввақатии онҳоро зикр намекунанд.

Ӯ ҳамзамон изҳор кард, ки созмонҳои ғайридавлатӣ барои қабули паноҳандагони Афғонистон аз ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кардаанд.

«Барои паноҳандагон, ҷониби Тоҷикистон тамоми шароитро муҳаё кардааст ва онҳо дар ҷойи бехатар мебошанд», -гуфт Ниятбеков. 

Сухангӯи ҳукумати ВМКБ ҳамчунин гуфт, ки мавзуъи фирориён дар дидори дирӯзаи раиси вилоят Ёдгор Файзов бо роҳбарии Комисарияти олии СММ дар умури гурезаҳо дар Тоҷикистон,  масъулини Идораи СММ дар умури амният, дафтари ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон ва  раҳбарияти Хадамоти Оқохон дар бахши макони зистро ба ҳузур пазируфт.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.