Академик Карим Ҳайдаров ҳам аз бемории монанд ба коронавирус даргузашт

Карим Ҳайдаров, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июл, дар 86-солагӣ аз бемории монанд ба коронавирус даргузаштааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Академияи миллии илмҳои кишвар ва ҳамкорони марҳум хабар доданд. Торнамои расмии АМИТ марги Карим Ҳайдаровро яке аз талафотҳои бузург дар илми тоҷик, махсусан, дар соҳаи фармакология маънидод кардааст. Ба гуфтаи як […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Карим Ҳайдаров, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 6-уми июл, дар 86-солагӣ аз бемории монанд ба коронавирус даргузаштааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Академияи миллии илмҳои кишвар ва ҳамкорони марҳум хабар доданд.

Торнамои расмии АМИТ марги Карим Ҳайдаровро яке аз талафотҳои бузург дар илми тоҷик, махсусан, дар соҳаи фармакология маънидод кардааст.

Ба гуфтаи як ҳамкори марҳум, академик чанд рӯзи охир дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бо нишонаҳои монанад ба коронавирус бистарӣ шуда буд.

Манбаъ гуфт, писару ҳамсарашон ҳам ҳамроҳашон  дар беморхона бистарӣ буданд ва эҳтимол аст, ҳамаи онҳо аз  бемории коронавирус ранҷ мекашиданд.

Ӯ аз қавли наздикони марҳум гуфт, ки ҳоло вазъи ҳамсару писарашон  муътадил аст.

Карим Ҳайдаров соли 1934 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро ҳамчун  сардухтур дар беморхонаии ноҳиявии шаҳри Норак оғоз намуда, соли 1964 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Омӯзиши қиёсии фармакологии «Триакантин» ва “Папаверин” дифоъ" кардааст.

Ӯ соли 1972 доктори тиб ва соли 1982 профессори ин ришта шуда буд. Солҳои 1991-1995 Раиси Кумитаи фармакологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон солиёни зиёд дар кафедраи фармакологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба унвони профессор ба донишҷӯён сабақ додааст.

Ихтирои ӯ доруҳои «Тимогар» ва «Тимотсин» аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯдаҳо, узвҳои такягоҳ истифода мешаванд. Ӯро ҳамчун асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ медонанд.

Академики марҳум соли 2020 ҷоизаи Ибни Синоро аз Академияи улум дарёфт карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.