24.kg: “Марзбонони тоҷик сарҳадбони қирғизро боздошт кардаанд”. Неруҳои марзбонӣ: “Ховар”-ро мунтазир шавед

Мазҳаб Ҷумъа

Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки марзбонони тоҷик як низомии Қирғизистонро боздошт кардаанд. Дар ин бора сомонаи “24.kg” бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки ҳодиса як рӯз пеш, дар натиҷаи  тирандозӣ дар минтақаи ағбаи Чашмагилдон рух додааст.

– Марзбонро ба қаламрави Тоҷикистон бурдаанд,-менависад ин торнамо.

Дар идомаи ин хабар ин расона меоварад, ки намояндагони марзбонии ду давлат дар маҳалли тирпарронӣ қарор доранд ва ин далелро таҳқиқ мекунанд.

– Намояндаи марзии қитъаи Бодканд полковник Киялбек Толонбоев аз ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки низомии Қирғизистонро, ки ҳангоми ин ҳодиса боздошт шуда буд, баргардонад. Музокирот идома дорад,-менависад манбаъ.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон, аз додани ҷузъиёти ин хабар ба "Азия-Плюс" худдорӣ кард. Ин ниҳод хабари мазкурро рад ва тасдиқ накард, танҳо гуфт, ки ҳар иттилое мешавад онҳо дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр мекунанд ва расонаҳои дигар метавонанд аз он дастрас кунанд.

Масъули матбуотии ин ниҳод ба пофишориҳои мо барои дарёфти ҷузъиёти хабар гуфт, ки чизи бештаре гуфта наметавонад, мо ё бояд мунтазири нашри иттилое дар хабаргузории расмии "Ховар" шавем ва ё бояд бо мактуб ба Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон расман муроҷиат кунем.

Ёдрас мекунем, ки тибқи як изҳороти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, ки дирӯз хбарагузории "Ховар" нашр кард, 8-уми июли соли равон марзбонони қирғиз ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намуда, мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд.

– Сарҳадбонони қирғиз ба амри  марзбонони Тоҷикистон дар мавриди вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд, – зикр гардид дар изҳороти КДАМ Тоҷикистон. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд,-гуфт КДАМ Тоҷикистон.

Бо гузашти як рӯз аз ҳодисаи мазкур дафтари матбуотии Қирғизистон ҳам онро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳангоми мувофиқи хатсайри муқарраршуда посбонӣ кардан дар мавзеи Чашмагилдон гурӯҳи посбонони Қирғизистон ногаҳон аз ҷониби марзбонони Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд ва дар натиҷа байни хиздатчиёни ҳарбӣ тирпарронӣ ба амал меояд.

Хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии ин кишвар хабар дод, ки дар ин тирпаронӣ як марзбони 27-солаи қирғиз бо номи Ҳусниддин Ҳоҷиев кушта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...