Муовини раиси шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст

Asia-Plus

Сӯҳроб Раҳимов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш дар мақомоти додситонӣ  хабар додааст, ки ин мансабдорро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, алайҳи Сӯҳроб Раҳимов бо моддаҳои "қаллобӣ" ва "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" парванда боз шудааст ва ӯро маъмурони амниятӣ боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ӯ рӯзи 5-уми июл дар маҳалли кораш дастгир шудаст ва гуфта мешавад ҳоло дар боздошт қарор дорад. 

Сӯҳроб Раҳимов соли гузашта муовини раиси ҳукумати Кӯлоб дар масъалаи сохтмон таъин шуда буд. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки нашрияи мустақили "Пайк" моҳи декабри соли 2020 Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буд. 

Ба гуфтаи Радиои Озодӣ "ин масъала дар нишасти матбуотии шаш моҳ пеш дар ҳукумати Кӯлоб низ дар миён гузошта шуд ва Сӯҳроб Раҳимов чунин посух дода буд: "хонаи шахсӣ аст, чанд нафарро шинондам, магар соҳибкор ба ҳисоб меравам? Хона холӣ буд, дар онҷо чаҳор студент шинондаам, чӣ гуноҳ кардам?"

То кунун назари шаҳрдории Кӯлоб ва наздикону пайвандони Раҳимов дар мавриди боздошт ва қазияи ӯ барои расонаҳо дастрас нест. Сӯҳроб Раҳимов дар гузашта раиси корхонаи идораи об ва “Ниҳолпарварӣ”-и шаҳри Кӯлоб буд.

Дар давоми як соли ахир, ин боздошти дувумин мансабдори сатҳи баланд дар шаҳри Кӯлоб аст.

Тобистони соли гузашта ҳам раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт ва ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...