Додситони кулл: Қазияи Руфейда бо дастури Рустами Эмомалӣ таҳти назорати қатъии ман қарор дорад

Asia-Plus

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш имрӯз гуфт, ки рӯзҳои наздик тафтиши парвандаи қатлу таҷовузи Руфейда Иноятова, духтараки ноболиғи 8-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба итмом мерасад ва ба додгоҳ ирсол мешавад.

Додситони кулл мегӯяд, ки дар мавриди ҳамаҷониба тафтиш шудани парванда дастури раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вуҷуд дорад ва парванда зери назорати "қатъии ман қарор дорад".

“Нисбати гумонбар, ки боздошт шудааст, бар асоси моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ) ва 138 қисми 3 (Таҷовуз ба номус) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст", – гуфт Юсуф Раҳмон.

Юсуф Раҳмон ба суоли хабарнигорон, дар мавриди ин ки оё алайҳи модари гумонбар, ки гуфта мешавад ҷинояти содиршударо пинҳон нигоҳ доштааст, парванда боз шудааст ё не, посух дод, ки "не".

Ҳодисаи қатл ва таҷовуси ин ноболиғ, ки рӯзи 4-уми июл рух дода буд, вокуниши густардае дар ҷомеаи Тоҷикистон дошт ва шаҳрвандони кишвар дар расонаҳо ва шабакаҳо хостори ҷазои сахту сангини гумонбари ин ҷинояти мудҳиш шуданд.

Бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо номи «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон» бар пайи ҳодисаи гӯшношуди таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда буданд, ки 6-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.

Бо гузашти ҳамагӣ як рӯз, Маҷлиси миллӣ ба он вокуниш кард. Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо нашри як вокуниш ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба унвонии раиси ин палатаи болоии порлумон Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки маҷлис ин муроҷиатро баррасӣ кардааст.

Рустами Эмомалӣ бар пайи ин ҳодиса "Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳарчи зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд",-омада буд  дар вокуниш.

Бояд гуфт, ки Руфейда Иноятова рӯзи 4-уми июл аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуда буд. Дар ин бора аммаи ӯ Саида Иноятова дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода буд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл гумонбари асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи духтарчаро муайян ва дастгир кардаанд.

Баъди боздошт шудани гумонбар, ки аз он Раҳматулло Гадоев, ҳамсояи онҳо ном бурда мешавад, Саида Иноятова аммаи Руфейда бархе ҷузъиёти ҳодисаро расонаӣ карда буд, ки тибқи навиштаҳои ӯ,  марди ҳамсоя, ки  падари дугонаи Руфейда будааст, бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора – пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида – алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...