Додситонии кулл: Иззат Амон дар қаллобии 630 ҳазор рублу 1000 доллар муттаҳам мешавад

Asia-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки интизор меравад тафтиши парванди Иззат Амон ҳамин моҳ ба поён бирасад ва ба додгоҳ ирсол шавад.

Ба гуфти Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон, то кунун алайҳи Иззат Амон 12 шаҳрванд муроҷиат кардааст, ки гумонбар давоми солҳои 2014-2020 аз он онҳо маблағҳои гуногунро барои анҷом додани корҳои муайян гирифта, фиреб додааст.

"Ҳоло муайян шудааст, ки Холов Иззатуло аз ин шаҳрвандон маблағҳоро барои аз маҳбас озод кардани хешовандонашон, барои қонунӣ кардани будубошашон ва барои бекор кардани қарори ихроҷашон аз ҳудуди Русия ва корҳои дигар гирифта, маблағҳоро аз худ намудааст. Ҳаҷми умумии зарари расида ба ин 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад",-гуфт ин масъули Додситонии кулл.

Дар ҳоли ҳозир аз ҳамин зарари расида, танҳо ба як нафар 5 ҳазор рубл баргардонида шудаасту халос,- гуфт Қурбонзода.

Муттаҳам шудани Иззат Амон ба аз худ кардани ин миқдор маблағ аз сӯйи додситонӣ дар ҳолест, ки пештар наздикони ӯ бархе даъвоҳоро беасос дониста, гуфта буданд, ки худи Иззат Амон бархе аз шикояткунандаҳоро умуман намешиносад.

Қазияи Иззат Амон яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст. Баъди дар Русия бедарак ва дар Тоҷикистон боздошт шудани ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар русия даст ба эътирози оммавӣ заданд.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия  рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст. 

ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...