Раиси Деваштич қазияи тирпаронии 8-уми июл ва “дуздии асп”-ҳоро шарҳ дод

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раиси ноҳияи Деваштич сабаби тирхоликунии рӯзи 8-уми июл дар минтақаи Росровут бо Қирғизистонро шарҳ дод. Ашӯралӣ Ҷалилзода дар нишасти хабарияш гуфт, сарбозони қирғиз 9 сар аспи сокинони ноҳияро қасд доштан ба он тарафи марз баранд, вале марзбонони тоҷик аз ҳодиса огаҳ шуданву монеи онҳо шуданд.

Ашӯралӣ Ҷалилзода гуфт, низомиёни қирғиз ба чарогоҳи хоҷагии деҳқонии "Назаров"-и ҷамоати Росровут ворид шуда, қасд доштанд аспҳои ин хоҷагиро ба марзи Қирғизистон интиқол диҳанд.  Ӯ гуфт дар ин чарогоҳ даҳҳо сар аспу чорвои калону майда дар майдони кушод бонӣ мешавад.

Марзбонони тоҷик онҳоро огаҳ карда гуфтаанд истед, вале низомиёни қирғиз ба ин амр  итоат накарда, аспҳоро ба он суйи марз гузаронидаанд ва дар ниҳоят марзбонони тоҷик ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Раиси ноҳияи Деваштич мегӯяд, дар ҳамон лаҳза низ сарбозони қирғиз чанд сар аспро ба он тарафи марз гузарониданд.

“Аз ҳамон ҷо ду нафарашон баъди итоат накардан аз ҷониби марзбонони мо боздошт ва як нафарашонро гирифта ноҳия оварданд, як нафарашон фавтид. Онҳо нӯҳ сар аспи моро гирифта рафта истода буданд, чаҳор аспро ба сарҳади Қирғизистон гузарониданд. Баъди он, ки якдигарфаҳмӣ шуд, рафта гуфтугузор кардем, мақомоти дахлдор сарҳадбонон омаданд аспҳоро гардонда доданд. Мо ҳамдигарфаҳмӣ кардем”.

Қаблан неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон аз даргирии нави мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хабар дода, дар изҳороте гуфта буд соати 14:55 рӯзи 8-уми июл чанд марзбони қирғиз дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, ба таври ғайриқонунӣ марзи давлатии Тоҷикистонро убур кардаанд. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешуд "низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд". Нерӯҳои марзбонӣ  гуфта буд  сарҳадбонони қирғиз ба амри  марзбонони Тоҷикистон дар мавриди вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 тан аз сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд.

Аммо баъди як рӯзи ин ҳодиса хабаргузории қирғизии АКИпресс бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон навишт, ки гурӯҳи посбонии савори аспи марзбонони Қирғизистон дар мавзеи ағбаи Наумин дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қитъаи сарҳадро назорату посбонӣ мекардаанд. Ба навиштаи хабаргузорӣ “ҳангоми мувофиқи хатсайри муқарраршуда посбонӣ кардан дар мавзеи Чашмагилдон гурӯҳи посбонон ногаҳон аз ҷониби марзбонони Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд ва дар натиҷа байни хизматчиёни ҳарбӣ тирпарронӣ ба амал меояд.”

Зимни тирхоликунӣ бино ба навиштаи хабаргузориҳои Қирғизистон як марзбони 27-солаи қирғиз бо ном Ҳусниддин Ҳоҷиев кушта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...