Сангандозӣ ба сӯи якдигар. Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаби гузашта сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дар ин бора “Спутник Қирғизистон” бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, ки тақрибан соати 00:10 дар минтақаи Торт-Кочои Ботканд, дар чорроҳаи Ботканд-Исфара ва Исфара-Ворух, ду мошин бозистоданд, ки ҳомили тоҷикон буданду онҳо гуиё маст будаанд.

Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст. Талошҳои "Азия-Плюс" барои таъйиди ин хабар дар ин ниҳод натиҷа надод.

Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии қирғиз, тоҷикон ба сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон, ки савори ду мошин дар роҳи Ботканд-Исфара буданд, санг андохтанд.

– Дере нагузашта, сокинони як деҳаи марзии Қирғизистон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва онҳо низ ба сангандозӣ ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ карданд,-гуфтааст ин ниҳод.

Манбаъ менависад, ки бо мақсади пешгирии шиддат гирифтани низоъ, сарҳадбонон бо кормандони ВКД Қирғизистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд, ки пас аз он сокинони маҳаллӣ пароканда шуданд.

– Сардорони шӯъбаҳои мақомоти дохилии ҳарду тараф  ба нақша гирифтаанд, ки дар бораи андешидани чораҳо нисбати вайронкунандагони тартибот ҷаласа баргузор кунанд ", – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки феълан вазъ дар минтақаи мазкур мӯътадил ва зери назорат аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...