Дар Суғд омори коронавирусро пинҳон мекунанд. Аммо баъзе беморхонаҳо ба режими “карантин” мегузаранд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бо гузашти беш аз бист рӯзи сабти дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон мақомот дар Суғд аз шарҳи ҳама гуна хабарҳо дар мавриди вазъи эпидемиологӣ ва омори маргу сироятёбӣ аз рӯйи эҳтиёт кор мегиранд.

Дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ аз афзоиши маргу сироятёбӣ бештар мегӯянду менависанд. Аммо мақомоти тандурустии вилояти Суғд ба суолҳои батакрори рӯзноманигорон дар ин маврид посух намедиҳанд ва мегӯянд аз вазорат бипурсед.

Ахиран мавзуи сироятёбиву омори коронавирусро рӯзноманигорон дар нишасте бо муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев ба баҳс кашиданд. Ин мақомдори соҳаи тандурустӣ ба пофишориҳои рӯзноманигорон дар мавриди омори коронавирус ба ҷузъ “дар беморхонаҳои вилоят барои гумонбарон ва беморони коронавирус зиёда аз 1030 кат омода шудааст”  дигар посухи мушаххас надод. Маъруф Ҳоҷибоев вазъи эпидемиологии Суғдро ба таври рӯшан шарҳ надод ва гуфт аз вазорат хабар гиред.

“Сиёсати соҳаи тандурустиро дар Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пеш мебарад. Аз ин лиҳоз дар назди вазорат шӯъбаи иттилоотии махсуси соҳаи тандурустӣ амал мекунад ва нисбати маълумотҳои оморӣ дар соҳаи тандурустиро ин шӯъба ба ӯҳда гирифтааст ва аз онҳо метавонед тариқи сомонаи интернетии вазорат  хабардор шавед”.

Муовини Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар ҳоле аз овардани омори коронавирус аз рӯйи эҳтиёт кор мегирад, ки ба гуфтааш дар “се беморхонаи сироятӣ, шӯъбаҳои сироятии беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, Беморхонаи №3-и ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои беморони коронавирус фаъол шудааст”.

Беморхонаҳо ба "карантин" мегузаранд

Омори гирифторону талафот аз COVID дар шароите пешниҳод намешавад, ки Бемористони клиникавии вилояти Суғд ҳам шуруъ аз 13-уми июл ба қабулу бистарӣ кардани беморони илтиҳоби шушу коронавирусро оғоз кардааст. Манобеъи “Азия-Плюс” аз ин беморхонаи азими вилояти Суғд гуфтанд давоми ду рӯзи ахир беш аз 20 беморро бо ин бемориҳо дар қисмати “Б”-и ин беморхона бистарӣ карданд.

Фирӯз Комилов, сардухтури Бемористони клиникавии вилояти Суғд хабари ба реҷаи карантина гузаштани қисме аз беморхонаро тасдиқ кард. Аммо бистари шудани беш аз 20 нафар бо нишонаҳои коронавирусро на тасдиқ кард ва на рад. Ӯ гуфт, чунин маълумотро Раёсати тандурустӣ медиҳад. Вай афзуд натиҷаи ташхиси беморон ниҳоӣ нашудааст ва ба эҳтимоли зиёд онҳо илтиҳоби мавсимии шуш ҳастанд.

Зафарбек Давлатзода раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 14-уми июл шумори сироятёфтагон дар ин ноҳияро гуфт. Дар хонаҳо 32 нафар сокинони ноҳия бо бемории коронавирус бистарӣ ҳастанд. Ӯ гуфт 21 нафар сокини ноҳия дар беморхонаҳо бистар шудаанд. Вай мегӯяд, фавт аз коронавирусро ба қайд нагирифтаанд ва вазъи саломатии бистаришудагон хуб аст.

Дар нишасти хабарии раиси ноҳияи Деваштич низ гуфта шуд, ки ҳоло дар ин ноҳия 14 нафар бо илтиҳоби шуш ва коронавирус бистарӣ мебошанд.

Аммо дар Хуҷанд мегӯянд "ҷойи воҳима" нест

Дар нишастии шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, ки рӯзноманигорон мавзуйи вазъи эпидемиологӣ дар Хуҷанд ва дигар манотиқи Суғдро аз ӯ ва Маъруф Ҳоҷибоев пурсон шуданд, вай  ҳам гуфт “ягон ҷойи воҳима нест, фақат эҳтиёт шудан лозим аст.”  Вай мегӯяд, дар шаҳри Хуҷанд Беморхонаи сироятӣ бо тамоми имкониятҳо фаъолят дорад, аз дорувориву, оксигенераторҳо то маводи хӯрока ба беморону духтурон фароҳам буда, пизишкон омодаи коранд.

Ба гуфтаи раиси Хуҷанд шахсан худаш вазъи эпидемиологиро дар ин шаҳр назорат мекунад, вале ӯ ҳам омори сироятёбиро нагуфт, ки вазъ дар ин шаҳр дар чи сатҳ аст. 

Мунтақидон аз оғози коронавирус то ба имрӯз ба омори расмии мақомот дар мавриди сироятёбӣ ва марг аз ин беморӣ бо шубҳа менигаранд. Ба хусус дар вилояти Суғд, ки аз соли гузашта то ба имрӯз ҳамагуна маълумот атрофи сироятёбиву маргро пинҳон мекунанд, дар зеҳни мардум суолҳои зиёдеро ҷой кардааст. 

Коршинос ва яке аз пизишкони собиқадор Толиб Исмоилӣ, ки аз вазъи имрӯзаи соҳаи тандурустӣ огаҳ аст, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт аз рӯйи мушоҳидаҳояш бемори бисёр нест, вале кам ҳам нест. Ӯ далели аз чашми мардум пинҳон мондани омори коронавирусро дуруст намеҳисобад ва мегӯяд бояд шарҳу тавзеҳ ёбад ва роҳҳои пешгирӣ фаҳмонида дода шавад. Ба гуфтаи коршинос масъулини соҳаи тандурустӣ ба хотири муҷозот ва ё барканор нашудан аз гуфтани омор худдорӣ мекунанд.

“Пешниҳод кардани омор аз мардум ё расонаҳо ин самасензураи худи духтурон аст, ки метарсанд баъди чунон ё чунин гуфтанҳо муҷозот набинанд. Дар оғози пандемия чанд корманди тибро дар мавриди суҳбат бо расонаҳо аз вазифа барканор карданду гапу корҳои зиёдатӣ шуд. Аммо набояд чунин амал кард, вақте духтур ягон вазифаи касбии худро натавонад ва бо асосҳо баъд барканор кунанд. Духтурон, ки ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонанд бо масали “туро газад маро чӣ ғам” иктифо мекунанд. Ба фикрам супориш низ ҳаст, ки гӯё мардум ба ваҳму воҳима науфтанд, пинҳон медоранд”.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ аз 21-уми июн то шоми 14-уми июл 19 нафар бар асари коронавирус ҷони худро аз даст додаанд. Дар умум аз соли гузашта то имрӯз шумори расмии қурбониёни коронавирус ба 109 нафар расидаст ва шумораи умумии гирифторшудагон 13958, ки 13600 нафари онҳо сиҳат шудаанд.

 Аммо ҳамарӯза дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги чанд нафар бо бемории коронавирус хабар медиҳанд, ки давоми як ҳафтаи ахир чунин хату хабарҳо аз вилояти Суғд ҳам бештар расонаӣ мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...