Рассоми тоҷик асарҳои худро тариқи онлайн намоиш дод

Мазҳаб Ҷумъа,Asia-Plus

Имрӯз, соати 10:00 рассоми тоҷик Далер Миҳтоҷов бори аввал дар Тоҷикистон намоиши онлайнии асарҳои тасвиршудаашро дар сомонаи https://dalerart.tj баргузор намуд. Дар ин бора худи рассом ба “Азия-плюс” хабар дод.

Мавсуф гуфт, намоиш зери унвони “Роҳи сурх” баргузор гардид ва меҳмонон метавонанд дар ду толори калони виртуалӣ 52 асари муаллифиро бубинанд, ки мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд.

 Миҳтоҷов гуфт, баргузории намоиши асарҳои рассомӣ тариқи интернет аз як тараф осон ва қулай бошад, аз ҷониби дигар аз чунин намоиш натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ҳаводорони санъати тасвирӣ аз кишварҳои гуногун  дастрасӣ пайдо мекунанд.

Далер дар Душанбе дар ду-се сол як маротиба намоиши асарҳои шахсии худро баргузор мекард. Вай мегӯяд, ки ҳар як рассом ба намоишгоҳҳои доимӣ ниёз дорад, то ки на танҳо асарҳои худро ба мардум намоиш диҳанд ва фикру мулоҳизаҳо ҷамъ оваранд, балки инчунин асарҳои худро барои худ бубинанд.

 

– Баъзан дар коргоҳ дигар кори худро намебинед, ба онҳо чунон одат мекунед, ки камбудиҳоро пай намебаред, аммо ҳамин ки наққоширо ба ҷои дигар бурдед, дар зери чароғи дигар овезед ва шумо гӯё ба он аз зовияи дигар нигоҳ мекунед, – шарҳ дод Далер.

Охирин намоишгоҳи рассом соли 2018 баргузор шуда, сипас пандемия оғоз ёфт ва дар ин муддат Далер мехост ду маротиба намоишгоҳ ташкил кунад, аммо ноком шуд. Гузашта аз ин, мегӯяд ӯ, ташкили намоишгоҳ кори хеле гаронарзиш аст.

– Аввалан, шумо бояд расмҳо омода кунед: катон (холст)  гарон, рангҳо – инчунин, чорчӯбаҳо (рама), баъд, шумо бояд ҳуҷрае иҷора гиред, даъватномаҳо оред, фуршет ташкил кунед – ин ҳама маблағи зиёдро талаб мекунад. Гузашта аз ин, пандемия идома дорад ва баргузории намоишгоҳи зинда хатарнок аст, -мегӯяд Далер.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...