“Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” 52%-и пули амонатгузоронро баргардониданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Замоне бонки низомсози Тоҷикистон – “Тоҷиксодиротбонк”, ки дар ҳоли барҳамдиҳӣ қарор дорад, 66%-и уҳдадориҳои худро назди мизоҷон, аз ҷумла 72%- назди амонатгузорони хусусиро иҷро кард, хабар дод раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода зимни нишасти матбуотии имрӯз, 22 июл.

Ӯ зикр кард, ки шумори амонатгузорони бонки мазкур аз 56,6 ҳазор нафар ҳозир то ба 5 ҳазору 933 нафар, яъне қариб 10 баробар кам шудааст.

Нисбат ба “Агроинвестонк”, ки он ҳам мавриди барҳамдиҳӣ қарор дорад, раиси БМТ гуфт, қарзи умумии ин бонк назди мизоҷон аз 2 млрд 400 млн сомонӣ то ба 1 млрд 380 млн сомонӣ кам шудааст.

Раиси БМТ таъкид дошт, ки бонк пули 42% муштариёнро, аз ҷумла 52% пасандози амонатгузоронро баргардонидааст.

Зимнан таъкид шуд, ки бонкҳои дар боло зикршудаи мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта ба сурати умум 52% пасандози амонатгузоронро баргардонидаанд.

Ёдрас мекунем, ки Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро 21 майи соли равон бозхонд кард. Айни замон пешниҳоди ҷубронпулӣ ба амонатгузорон аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷараён дорад.

Мувофиқи қонунгузорӣ, дар навбати аввал талаботи амонатгузорони воқеӣ таъмин карда шуда, ба онҳо бидуни маҳдудият дар ҳаҷми то 30 ҳазор сомонӣ бо асъори миллӣ ва то 21 ҳазор сомонӣ бо асъори хориҷӣ пасандозашон баргардонида мешавад.

Дар робита ба дигар бонки мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта – “Тоҷпромбонк” Холиқзода изҳор дошт, ки ин бонк қариб 72%-и уҳдадориҳояшро назди мизоҷон ба иҷро расонида, 125 млн сомонӣ маблағҳоро баргардонидааст ва қарз аз 174 млн сомонӣ дар аввали ҷараёни барҳамдиҳӣ то ба 49 млн сомонӣ ба имрӯз кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки муҳлати охири барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ ба охир расида, лекин бисёре аз мизоҷон то ҳол пулҳои худро бозпас гирифта наметавонанд.

Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, муҳлати асосии маҷбуран барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ 2 солро ташкил медиҳад. Агар ин муҳлат кофӣ набошад, тариқи муроҷиат ба суд ҷараёни барҳамдиҳиро метавон боз ду соли дигар тамдид намуд.

Раиси БМТ дар бораи сабабҳое, ки ба пурра барҳамдиҳии ин бонк дар муҳлати тиқби қонун муқарраршуда имкон надоданд, ҳарфе нагуфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...