Барқкушиҳои тобистонӣ дар Суғд 25 пойгоҳи обкаширо дучори садама кард. Товонро кӣ медиҳад?

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоби  зиёни садамаҳои пойгоҳу нассосҳои обкашӣ шуруъ кардааст, ки ба сабаби гоҳу ногоҳ хомӯшкуниҳои барқ ба миён омадааст. Ин ниҳод гуруҳи вижаеро созмон додааст ва баъди мушаххас шудани ҳаҷми зарар мехоҳад онро ширкати “Барқи тоҷик” ҷуброн кунад.

Аминҷон Абдуллозода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, давоми як моҳи ахир дар натиҷаи маҳдудият ва гоҳу ногоҳ хомушкуниҳои барқ 25 пойгоҳу нассосҳои обкашӣ ба садама дучор шудааст. Ӯ гуфт дар натиҷаи чанд ҳафта аз кор мондани пойгоҳҳо киштзорҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ, Конибодом, Спитамен ба танқисии об дучор шуданд.

“Мисол ногаҳон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар як рӯз ду маротиб ҳам барқро хомӯш карданд, аз ҳамин ҳисоб нассосҳои пойгоҳҳои мо аз кор мебарояд, баъдан об омада зада ядакаш мешиканад ва ё об расида ҷойи дигараш месӯзад. Ҳамин гуна ҳолат дар пойгоҳи обкашии ноҳия “Хоҷабақирғон 1 ва 2”, “Сумчак 1 ва 2”, “Сомғор 1 ва 2” бисёр зиёд шуд. Мо тайёрие, ки тирамоҳу зимистон дида будем ҳамаи он тайёрӣ  барбод рафт. Мо аз дигар ин пойгоҳҳоро таъмир кардем, шабурӯз бачаҳо 10-15 рӯз умуман хоб нарафта кор карданд.”

Ӯ афзуд маблағи зарари расида ба пойгоҳҳои обкаширо ҳоло як гуруҳи махсуси мутахассисон ҳисоб карда истодаанд ва рӯзҳои наздик дақиқ месозанд. Ба гуфтаи Аминҷон Абдуллозода онҳо ба раиси вилояти Суғд, роҳбарияи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ба ширкати “Барқи тоҷик” ин мушкилро дар гузорише ирсол кардаанд.

“Мо гузориш навишта санад тартиб додем, ки кадом рӯзҳо барқ қатъ шуд. Ҳоло зарари расида ба пойгоҳҳоро ҳисоб мекунем ва мо ба “Барқи тоҷик” пешниҳод мекунем, ки зарарро ҷуброн кунад. Гуфтушунид рафта истодааст, мо дар ин масъала корбарӣ карда истодаем”.

Дар тобистони имсола сокинон дар вилояти Суғд аз маҳдуд шудани неруи барқ дар охирҳои моҳи июн ва оғози июл шикоят карда гуфтанда буданд барқ бе реҷаи махсус ва гоҳу ногоҳ ҳамарӯза дар соатҳои гуногун хомӯш мешавад. Гуруҳе аз сокинон шикоят доштанд, ки дар рузҳои гармои тобистон ба далели набудани барқ пойгоҳҳо кор накарданд ва киштзорҳо низ беоб мондаанд. Аммо ҳоло зарари расида бо ин сабаб ба киштзорҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ пурра ҳисоб нашудааст.

Қаблан Муҳиддин Аҳмадзода, роҳбари шабакаҳои интиқоли барқи Суғд ба “Азия-Плюс” гуфта буд дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳарорати ҳаво дар ҳамаи трансформатори зеристгоҳҳо хавфҳои садамавӣ ба миён омад ва ба хотири пешгирӣ аз корношоямшавӣ барқро хомӯш карданд. Ӯ гуфта буд нассоҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ ба фарқ аз солҳои пешин дар он шабу рӯз зиёдтар кор кард ва дар натиҷа бори зеристгоҳҳои барқӣ низ зиёд шуд.

Аммо  сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Аминҷон Абдуллозода гуфт, онҳо пойгоҳҳои “Мирзочӯл 1-2” ва “Қизилӣ” дар ноҳияи Зафарободро ба шабакаи интиқоли барқи Ӯзбекистон пайваст карданд ва ҳоло бори зеристгоҳҳои шимоли Тоҷикистон камтар шуда, мушкил то ҷое ҳал гардидааст.

Бино ба иттилоъ 70 дарсади заминҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд тариқи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешавад ва ҳамасола барои таъмири пойгоҳҳо мақомот миллионҳо сомонӣ ихтисос медиҳад. Аммо аксари пойгоҳҳо кӯҳнаву фарсуда шуда ҳангоми кам ё зиёд шудани шиддати барқ низ ба садама дучор мешаванд ва инро масъулин низ инкор намекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...