Коронавирус дар Тоҷикистон: дар як моҳи мавҷи нав 1051 нафар сироят ёфта, 26 нафар фавтиданд

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 68 нафар зиёд шуд. Ин афзоиши навбатии рекордии беморон давоми як шабонарӯз мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 359 нафар расид.

Дар ин муддат боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 116 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 902  нафар ё худ 96,8%-ро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯз 56 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.

Танҳо дар зарфи як моҳи оғози мавҷи нави коронавирус дар кишвар ва танҳо мувофиқи омори расмии Вазорати тандурустӣ, 1051 нафар аз ин вирус сироят ёфтаанд. То оғози мавҷи дуюм шумори онҳо 13 ҳазору 308 нафар ва айни замон – 14 ҳазору 359 нафарро ташкил медиҳад. Шумори фавтидагон давми як моҳи мавҷи нав расман 26 нафар афзуда, аз 90 нафар то аввали мавҷи нав имрӯз ба 116 нафар расидааст.

Ба гуфтаи табибон, ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус дар мавҷи дуюми он зиёдтар мебошад.

“Имсол ҳолатҳои гирифторӣ ба беморӣ ва бахусус фавт зиёд аст. Ҳоло коронавирус асосан ба минтақаҳое ҳамла мекунад, ки соли гузашта ба онҳо осеб нарасонида буд. Яъне, дар он ҷое, ки соли гузашта ҳодисаҳои сироятёбӣ кам буданд, имсол беморон зиёданд”, – мегӯяд духтури яке аз бемористонҳои Душанбе, ки дар сафҳои аввали муқовимат бо ин беморӣ қарор дорад.

Табибон бар ин назаранд, ки аз рӯйи аломатҳо ҳозир дар Тоҷикистон штамми нави вирус – “делта” паҳн шуда истодааст.

“Нисбат ба дигар вариантҳои коронавирус аз он зудтар сироят метавон ёфт. Қаблан пеш аз воридшавӣ ба шушҳо вирус дар гулӯ 3-4 рӯз боздошт мешуд. Тарзи пурсамари табобат истеъмоли нӯшокии зиёд ба шумор мерафт. Ба ин тариқ, вирус тадриҷан заъиф шуда, дар низоми шуш дигар паҳн намешуд. Лекин “Делта” дарҳол ба шуш роҳ меёбад. Аломатҳояш камтар зоҳир мешаванд, лекин беморӣ душвор ҷараён мегирад”, – мегӯяд боз як табиб.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ изҳор мекунад, ки штамми ҳиндии "делта”-и коронавирус дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

“Ҳисоботи озмоишгоҳҳо дар бораи натиҷаҳои ташхиси аҳолӣ ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод гардида, штамми ҳиндӣ ошкор нашудааст”, – хабар дода буданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...