Коронавирус дар Тоҷикистон: сироятёбии 84 нафар ва 1 фавт

Шабонарӯзи гузашта, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 84 нафар зиёд шуд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 845 нафар расид. Қобили зикр аст, ки ахиран афзоиши шабонарӯзии шумори сироятёфтагон аз ин беморӣ дар кишвар зиёда аз […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 84 нафар зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 845 нафар расид. Қобили зикр аст, ки ахиран афзоиши шабонарӯзии шумори сироятёфтагон аз ин беморӣ дар кишвар зиёда аз 80 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин муддат боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 120 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 313  нафар ё худ 96,4%-ро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯз 68 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 28 июл бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ 2 млн вояи ваксинаи “КоронаВак”-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Чин ворид гардид.

Ин илова ба кумаки башардӯстонаи 30 ҳазор вояи ваксинаи  CoronaVac аз Чин мебошад, ки моҳи июн ба Душанбе таҳвил гардида буд.

Моҳи марти соли равон дар доираи механизми COVAX Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca дастрас намуда буд.

Рӯзи 26 июл 1,5 млн вояи ваксинаи Moderna аз ҷониби ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон расонида шуд.

Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3 июл ваксина гирифтанро барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон кард.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то  21 июл зиёда аз 474 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд. Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида   беш аз 22 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.