Вазири мудофиаи Русия ба ёд овард, ки чӣ гуна ӯро дар Тоҷикистон гаравгон гирифтанд

Пас аз машварати вазирони мудофиаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 28 июл дар Душанбе баргузор шуд, вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу ба ҳамкасбони тоҷики худ барои сатҳи баланди ташкилии баргузории чорабинӣ изҳори миннатдорӣ кард. «Ман бо ин минтақа хеле ошно ҳастам ва Тоҷикистон ба ман наздик аст. Ҳар боре, ки ман ба […]

Asia-Plus

Пас аз машварати вазирони мудофиаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки рӯзи 28 июл дар Душанбе баргузор шуд, вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу ба ҳамкасбони тоҷики худ барои сатҳи баланди ташкилии баргузории чорабинӣ изҳори миннатдорӣ кард.

«Ман бо ин минтақа хеле ошно ҳастам ва Тоҷикистон ба ман наздик аст. Ҳар боре, ки ман ба ин ҷо меоям, замони душвори ибтидои солҳои 90-ум дар ин сарзаминро ба ёд меорам, – гуфт Сергей Шойгу ва зикр кард, ки аз рӯйдодҳои он солҳо огаҳии хуб дорад.

Он замон дар давраи бесарусомонии ҷанги шаҳрвандӣ, ман ҳамчун вазири мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда маҷбур будам, ки масъалаҳои башардӯстона, аз ҷумла кӯчбандии аҳолии русзабонро ҳал намуда, гуфтушунидҳои душвор анҷом диҳам ва ҳатто дар дасти ҷинояткорон (роҳзанон) ба сифати гаравгон ҳузур дошта бошам”.

Вай ба ҳамтоҳои худ аз СҲШ хабар дод, ки ҳафтаи оянда бо мақсади вокуниш ба шиддатёбии вазъ дар Афғонистон, Русия ҳамроҳи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тамринҳо мегузаронанд, ки тадбирҳои оташфишонӣ ва нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, баргузории иктишофи ҳавоӣ ва тақвияти чораҳои ҳифзи иншооти муҳим мавриди амалу дар таҷриба санҷида мешаванд.

Ғайр аз ин, Сергей Шойгу иттилоъ дод, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар машқгоҳи Донгузский дар вилояти Оренбург баргузории тамринҳои муштараки ҳарбии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳӣ ва ситоди кишварҳои СҲШ таҳти унвони "Рисолати сулҳовар-2021” (Мирная миссия–2021) дар назар аст.

Сергей Шойгу изҳори умедворӣ намуд, ки бо талошҳои муштарак таъмини сулҳу субот дар минтақа муяссар хоҳад шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Русия.

Ба гуфтаи ӯ, васеъ кардани шакли иштирок дар тамринҳои СҲШ бо ҷалби воҳидҳои низомӣ, нозирони кишварҳои дӯст ва созмонҳои минтақавӣ – СААД ва ИДМ муҳим аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.