Идомаи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Шаҳристону Спитамен ва Ҷаббор Расулов

Asia-Plus

Рӯзи дуюми сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хат ва иншооти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 млн 400 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид.

Дар доираи лоиҳа дар мавзеи “Сари имҷоз” 2 ҳавзи обҷамъкунии ҳар кадоме бо ғунҷоиши 300 мукааб-метр об сохта, 2 ҳавзи обҷамъкунии мавҷуда бо ғунҷоиши 2000 метри мукааб об куллан таъмиру таҷдид карда шудааст.

Тавассути 2 иншооти обгирӣ, ки сохта шудаанд, оби зеризаминӣ бо усули ҷаббишу полоишӣ аз нуқтаи обгирӣ ба ҳавзҳои обҷамъкунии асосӣ расонда, аз он тавассути қубурҳои паластикии қутрашон 165 миллиметра ба масофаи 1 километру 670 метр ба ҳавзҳои обҷамъкунии мавзеи “Сари имҷоз” интиқол меёбад. Бо ин мақсад дар ҳудуди ҳавзи нави обҷамъкунии асосӣ пойгоҳи обкашӣ васлу насб гардидааст.

Дар натиҷа маҳалли аҳолинишини нав, ки дар ин ҷо ба аҳолӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда дода шудааст, пурра бо оби нӯшокии тоза таъмин мегардад.

Сипас сарвари давлат дар маросими барафрохтани Парчами  давлатии Тоҷикистон дар ин ноҳия ширкат варзид.

Майдони Парчами давлатӣ бо истифода аз маблағҳои буҷети вилояти Суғд дар шафати Қасри фарҳанг сохта шуда, баландии манораи парчам 50 метр, дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Дар идома бо ҳузури сарвари давлат дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Он бо фармоиши идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо маблағи наздики 14 миллион сомонӣ дар заминаи иншооти солҳои зиёд дар истифодабудаи муассисаи таълимӣ сохта шудааст.

Бинои асосии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 24 синфхона, синфхонаҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудааст ва барои таҳсили 1240 нафар хонанда дар ду баст шароит фароҳам гардидааст.

Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир кард.

Баъдан Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек”-и кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” боздид намуда, ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшид. Дар ҳамин мавзеъ ӯ бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳо, аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят шинос шуд.

Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Шаҳристон президент ба фаъолияти Фермаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи Шаҳристон” ҳусни оғоз бахшид.

Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сомон Қурбонов бунёд карда шудааст.

Аз ноҳияи Шаҳристон сарвари давлат ба ноҳияи Спитамен раҳсипор гардид. Дар деҳоти Куруш ӯ бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Файзи саҳар” шинос шуд, ки дар он асосан мурғи тухмдеҳ парвариш карда мешавад.

Дар корхонаи парандапарварӣ дар як моҳ то 2 миллион дона тухм истеҳсол мегардад ва дар шаш моҳи соли равон истеҳсоли тухм ба 12 миллион дона расонида шудааст.

Дар даромадгоҳи корхонаи парандапарварии “Файзи саҳар” кишоварзони ноҳияи Спитамен маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.

Дар шаҳраки Навкати ноҳия бо иштироки сарвари давлат Қасри “Сомониён” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иншооти мазкур аз ҷониби бародарон Мақсудҷон ва Мансурҷон Раҳмоновҳо бо харҷи зиёда аз 1 млн 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар тарабхонаи барҳавои иншооти нав Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов президенти мамлакат бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони шуъбаи ВКД дар ин ноҳия аз наздик ошно гардид.

Хоҷагии мазкур соли 2018 дар деҳаи Саричашмаи деҳоти Гулхона дар майдони 1,36 гектар замин таъсис дода шуд.

Дар хоҷагӣ беш аз 830 бех ниҳоли себ, гелос, олуи сиёҳ, олуча, хурмо ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуда, инчунин пиёз, сирпиёз ва картошка, қаланфури булғорӣ, қаланфур, боимҷон, бодиринг ва каду, карам хӯроки чорво кишту парвариш карда мешавад.

Дар мавзеи Рухаки деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшид.

Масоҳати умумии ҳавзи моҳипарварӣ 3,2 гектарро ташкил намуда, дар майдони 40 садяк замин 21 адад ҳавзи моҳипарварӣ бунёд шудааст. Коргарони ҷамъият аз шаҳри Адлери Русия зиёда аз 100 ҳазор дона тухмии моҳӣ ворид кардаанд.

Дар назди ҳавзи моҳипарварӣ тарабхонаи “Гулмоҳии Суғд” бо 40 ҷой, нуқтаи пухтупаз ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.

Сафари кории президент ба вилояти Суғд идома дорад. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...