Токио-2020: Темур Раҳимов аз ҳарифи гурҷиаш шикаст хӯрд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми июл, паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввал ба намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба карда, дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум шуд.

Ҳамин тавр, чор нафар ҷудочии тоҷик – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) сабқати худро бидуни медал ба анҷом расониданд.

Ду варзишгари дигар дар намуди бокс – Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) низ аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд.

Дар намуди бокс Баҳодур Усмонов мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехурад.

Имрӯз, ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Эшонов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд. Дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр 31 июл дар даври интихобӣ ширкат менамояд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

Дар ҳамин ҳол дар Олимпиадаи Токио варзишгарони 67 кишвар медал ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 41 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...