Аз оғози сол Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 млрд доллар маҳсулот содир кард

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи шаш моҳи соли 2021 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1,2 млрд доллар маҳсулот содир кард. Дар ин бора зимни нишасти матбуоии имрӯз, 2 август директори Агентии содироти назди ҳукумати кишвар Шавкат Бобозода хабар дод. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88,3% бештар аст.

"Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон аст", – гуфт роҳбари Агентӣ.

Тибқи маълумоти ӯ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7% афзоиш ёфтааст: беш аз 106 ҳазор тонна сабзавот ва мева ба хориҷа фурӯхта шудааст. Ҳиссаи асосии содиротро пиёз – 84,7 ҳазор тонна ва меваи хушк – тақрибан 12 ҳазор тонна ташкил додааст.

Бобозода махсусан қайд кард, ки имсол бори нахуст маҳсулоти кишоварзӣ мустақиман аз саҳроҳои вилояти Хатлон содир карда шуд.

"Зиёда аз 50 дарсади молҳо аз ҷумҳурӣ ба Чин, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Белгия фиристода шуданд. Ба шарофати форуми" Бохтар Фуд-2021 "имкон пайдо шуд, ки бо мизоҷони хориҷӣ робитаи мустақим ба роҳ монда шавад", – иброз дошт вай.

Вай ҳамчунин гуфт, ки феълан Агентӣ кори худро оид ба баргузории семинарҳо, ки дар он ба истеҳсолкунандагони тоҷик дар омодасозии молҳо барои содирот, асосан бандубасти маҳсулот мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ омӯзонида мешаванд, пурзӯр кардааст.

«Бо ин мақсад дар назди Агентӣ Мактаби содирот таъсис дода шудааст», – гуфт Шавкат Бобозода.

Бобозода гуфт, ки барои афзоиши содирот се мушкилро ҳал кардан лозим аст – ҳавасмандгардонии содиркунанда, ҳархела кардан (диверсификатсия)-и маҳсулоти содиротӣ ва содакунии расмиёти фиристодани мол ба хориҷа.

“Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон афзалиятҳои худро дорад: пеш аз ҳама, онҳо аз ҷиҳати экологӣ тозааанд. Сониян, сабзавот ва меваҳо дар кишвари мо барвақт пухта мерасанд, ки аз ин истифода бояд бурд", – гуфт ӯ.

Директори Агентӣ изҳор дошт, ки  Тоҷикистон ба омӯзиши бозори Чин ва дигар кишварҳои осиёӣ оғоз намуд, то ки маҳсулоти худро ба ин ҷойҳо содир кунад. Ба гуфтаи вай, имрӯз таваҷҷӯҳ ба пиёз, сабзавот ва меваҳои барвақти тару тоза, хушкмева зиёд аст.

«Савдо бо Афғонистон низ дар ҳоли рушд аст. Тоҷикистон ба он ҷо ангишт, семент ва дигар молҳо мефиристад, – гуфт Бобозода. – Ба мо пандемия халал мерасонад. Дар мавриди вазъи сиёсии ин кишвар бошад, он ба содирот ва воридоти мол монеъ нест”.

Роҳбари Агентӣ гуфт, яке аз камбудиҳое, ки айни замон дар ин соҳа ҷой дорад, асосан ашёи хом содир кардани ҷумҳурӣ мебошад.

"Мутаассифона, мо асосан ашёи хом содир мекунем ва президент вазифа гузошт, ки содироти маҳсулоти тайёрро бо нархи иловагӣ зиёд кунем", – гуфт Бобозода. –  Истеҳсолкунандагон дар ин замина фаъолият дошта, технология ва таҷҳизоти заруриро барои коркарди маҳсулоти ватанӣ ворид мекунанд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...