Бозпурсии Аскар Акаев: ”Дар амният маро пазироии самимӣ карданд”

Asia-Plus

Аскар Акаев “барои ҳамкорӣ ва кӯмак” ба тафтиши парвандаи “Кумтор” ба Бишкек омад. Дар ин бора рӯзи 2 август худи президенти собиқи Қирғизистон пас аз бозпурсӣ дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) ҷумҳурӣ ба журналистон изҳори назар кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана”.

«Шумо медонед, ки нисбати ман дар бораи “Кумтор” даъвоҳо мавҷуданд. Дар ин ҷо, дар КДАМ маро бо меҳрубонӣ пазируфтанд. Муносибати хеле бодиққат. Табиист, ки саволҳо ҳастанд. Имрӯз аввалин бозпурсӣ буд. Ман ба саволҳо ҷавоб додам. Ман омадам, ки ба шумо ошкоро ва самимона бигӯям, ки чӣ тавр Кумторро сохтем ва барои чӣ. Ба чӣ гуна хатогиҳо роҳ дода шуд. Тафтишот идома хоҳад ёфт. Вохӯриҳо ҳам идома меёбанд ”, – гуфтааст Акаев.

Президенти собиқ иқрор шуд, ки "бо тафтишот ба муомилот пардохта”, ба муддати як ҳафта ба Қирғизистон омадааст, аммо аз посух додан ба савол дар бораи бо кадом шартҳо ба омадан розӣ шуданаш ва бо кафолати кӣ барои ба ҳабс нагирифтанаш худдорӣ варзид.

https://www.youtube.com/watch?v=9WGfA26MTTI

Ҳамзамон, ӯ ба Садир Жапаров барои имкони аз ватан боздид намудан изҳори сипос карда, гуфтааст, ки бо расидан ба ин ҷо бо ӯ дар қароргоҳи президент мулоқот кардааст. Сипас Акаев барои бозпурсӣ ба КДАМ рафта, роҳбари ин ниҳод Қамчибек Тошиев низ ба он ҷо ҳозир шудааст.

Аскар Акаев яке аз айбдоршавандагон дар парвандаи ҷиноии коррупсия дар татбиқи лоиҳаи коркарди кони тиллои “Кумтор” аст, ки дар замони ҳукмронии ӯ оғоз шуда буд.

Раисҷумҳури пешин дар суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ зимни имзои созишнома бо ширкати “Камеко”-и Канада гумонбар дониста мешавад. Дар КДАМ хабар додаанд, ки Акаев дар пайгард буда, ӯро барои бозпурсӣ аз Маскав "ба ватан овардаанд”. Аммо, ба гуфтаи сиёсатмадор Феликс Кулов, сарвари пешини давлат бо хоҳиши худ омадааст.

Аввалин президенти Қирғизистон Аскар Акаев соли 2005, замони рух додани инқилоб ва сари қудрат омадани Қурманбек Боқиев, бо оилааш аз кишвар фирор кард. Пас аз дарёфти паноҳандагӣ дар Русия, ӯ ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар Маскав машғул шуд. Нисбати аъзои оилаи Акаевҳо даҳҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Моҳи ноябри соли 2020 додситони кулли Қирғизистон Қурманқул Зулушев изҳор дошт, ки мақомоти прокуратура гуфтушунидҳоро дар мавриди истирдоди ду президенти пешини Қирғизистон – Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев идома медиҳанд. Охирин ҳоло дар Беларус зиндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...