Вазорати молия суханони муовини аввали вазирро “ислоҳ кард”

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати молияи Тоҷикистон ба гуфтугузорҳо дар бораи ворид нашудани маблағ ба фонди  зарардидагони муноқишаи Ворух вокуниш нишон дод ва гуфт, ки манзури муовини вазири молия Ҷамшед Каримзода дар мавриди ворид нашудани маблағ ба фонди мазкур ташкилотҳои хориҷист.

Дар вокунише, ки як рӯз пас дар сомонаи расмии вазорат нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз ҷониби сокинони кишвар ба фонди зарардидагон Ворух беш аз 200 ҳазор сомонӣ кӯмак ворид шудааст.

– Манзури муовини якуми Вазири молияи Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед ба саволи рӯзноманигор дар хусуси воридоти маблағҳо ба суратҳисоб барои расонидани кумак ба осебдидагони низоъи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия кушода шудааст, ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст, – омадааст дар вокуниши расмӣ.

Манбаъ менависад, ки аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб 206 526,67 (дусаду шашҳазору панҷсаду бисту шаш сомонию шасту ҳафт дирам) ворид гардидааст, ки он аз рӯи таъинот истифода карда мешавад.

Дирӯз, дар нишасти матбуотии Вазорати молия муовини аввали ин ниҳод Ҷамшед Каримзода ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди чӣ қадар ворид шудани маблағ ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ посух дод, ки ба фонди зарардидагони муноқишаи Ворух маблағ ворид нашудааст.

Ба дунболи ин гуфтаи муовини вазир, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва масъули гуруҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" расид ё чекеро нашр кард ва гуфт, аз ҳисоби хайрияи мардум ба суратҳисоби бозкардаи Вазорати молия 10 ҳазор сомонӣ гузарондааст. Раҷаби Мирзо пурсид, ки 10 ҳазор сомонӣ куҷо шуд, вақте муовини аввали вазир мегӯяд, ба суратҳисоб маблағ ворид нашудааст.

Баъди ин изҳори назари Раҷаби Мирзо, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои сахте ба суханони вазири молия ва муовини якумаш дар робита ба кам ё умуман ворид нашудани маблағ ба суратҳисоби мазкур, карданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ барои кумак ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ мустақилона суратҳисоби кумак боз кард, аммо бо гузашти чанд рӯз мақомот ҷамъоварии маблағро манъ карданд ва бо кушодани суратҳисоби нав дар Вазорати молия аз аҳолӣ талаб краданд, ки маблағҳои худро ба ин суратҳисоби расмӣ гузаронанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...