Маркази тестӣ: “Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ихтисосҳои техникӣ сол то сол кам мешавад”

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Директори Маркази миллии тестии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли равон 91 ҳазору 531 довталаб барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус дар марказ ба қайд гирифта шуданд, ки 8,8% нисбат соли пешин камтар аст.

Ба гуфтаи вай, дар кластери илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ боз норасоӣ ба миён омада, аз нақшаи қабул 68,6% довталабон ҳуҷҷатҳояшонро ба ихтисосҳои ин самт супоридаанд.

"Интихоби ихтисосҳо дар ин кластер сол то сол коҳиш ёфта, ба як анъанаи номақбул табдил меёбад, – гуфт Икромӣ. – Норасоӣ дар соли гузашта дар сатҳи 80% қарор гирифта, имсол фоизи довталабон ба ихтисосҳои кластери табиӣ-техникӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт. Мутаассифона, ин воқеият аст".

Тибқи маълумоти роҳбари Марказ, имсол таваҷҷӯҳи довталабон ба ихтисосҳои кластери ҷуғрофия ва иқтисод низ ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.

"Агар соли гузашта нақшаи қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯи ин ихтисос иҷро шуда бошад, пас имсол шумори хоҳишмандони ин ихтисосҳо то 80 фоизи нақша поин рафт", – гуфт ӯ.

Дар се кластери дигар, ба гуфтаи Икромӣ, довталабон нисбат ба нақшаи қабул зиёдтар сабти ном шудаанд: "Тиб ва биология" – 150%, "Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ" – 130%, "Филология, педагогика ва санъат" – 118 %. Дар асоси синфи 9 дар кластери тиббӣ (ҳамшираҳои шафқат ва фельдшерҳо) рекорд гузошта шуд – 257% аз нақшаи қабул.

Ба саволи он ки оё коҳиши теъдоди довталабон имсол ба қонуни нави хизмати ҳарбӣ марбут аст, чунки  қаблан шумораи муайяни ҷавонон ба макоти олӣ дохил мешуданд, то ба хидмат дар артиш нараванд, Хуршед Икромӣ посух дод, ки барои ин зарур аст, ки дар байни довталабон пурсиш гузаронида шавад.

"Чунин назарсанҷӣ лозим аст ва агар имкон даст диҳад, соли оянда мо онро баргузор мекунем", – ваъда дод ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...