Чӣ гуна ба Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар давраи буҳрон буҷетро 70 млн доллар барзиёд иҷро кунад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Масъулони андоз мегӯянд, ки ҳамаи ин ба туфайли рушди иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар имтиёзҳо сурат гирифта, коршиносон бар ин назаранд, ки ин ба афзоиши содироти тилло ва дигар ғайриимкон будани воридоти маводи сӯхт ба таври қочоқ вобаста аст.

Ҳиссаи андозҳо дар даромади буҷет аз 71% гузашт. Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 13,2 млрд сомонӣ (тақрибан 1,2 млрд доллар) -ро ташкил додааст.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда (беш аз 12,4 млн сомонӣ) 6,5% ё қариб 810 млн сомонӣ (беш аз 70 млн доллар) зиёд аст.

Ба иҷрои воридоти маблағҳо ба буҷет, пеш аз ҳама, 4% нисбат ба нақша афзудани даромад аз андозҳо (боҷҳои гумрукӣ) мусоидат кард: ба ҷои 9 млрд сомонии пешбинишуда ба "ҳамёни асосӣ"-и кишвар тақрибан 9,4 млрд сомонӣ ворид шуд . Ҳиссаи андозҳо дар ҳаҷми умумии даромади буҷет дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 71,2%-ро ташкил дод.

Даромадҳо аз андоз асосан аз ҳисоби ААИ (41,4% дар маҷмӯи андозҳо), андоз аз даромад (11,7%), андоз аз фоида(10,6%) таъмин карда шуданд. Ҳиссаи якҷояи ин се андоз дар сохтори даромадҳои андоз тақрибан 64%-ро ташкил дод.

Дар маҷмӯъ, ҷамъоварии ҳамаи намуди андозҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барзиёд иҷро шудааст.

Кумитаи андоз инро бо "афзоиши иқтисоди кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар шудани маъмурият ва хидматрасонӣ ба андозсупорандагон ва назорати босифат" рабт медиҳад.

Тилло ва пайомади муноқиша бо Қирғизистон?

Коршиносони мустақил бар ин боваранд, ки афзоиши зикршудаи ҷамъоварии андоз эҳтимолан дуруст аст, зеро ба гумон аст, ки кормандони андоз ё гумрук ба сохтакорӣ машғул шаванд.

"Онҳо метавонанд ҳаҷми даромади андозро дидаву дониста коҳиш диҳанд, аммо аз будаш зиёд намегӯянд, зеро маблағҳои сабтшудаи воридгардидаро бояд ба буҷети кишвар равона созанд”, – мегӯяд таҳлилгари масоили иқтисодӣ Акбар Саидов.

Ба ақидаи ӯ, зиёд будани нишондиҳандаҳои пешбинишудаи андозҳоро  дар шароити кунунӣ танҳо бо савдои хориҷӣ шарҳ додан мумкин аст. "Корхонаҳои нави бузург ё дигар сарчашмаҳои андозбандӣ ба назар намерасанд, аммо дар сохтори содирот ва воридот тағйироти назаррас ба мушоҳида мерасад", – гуфт ӯ.

Коршинос зикр кард, ки аз оғози сол аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо содирот тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст ва ин маънои онро дорад, ки дар баробари боҷи гумрукии содиротӣ, аз андоз даромади иловагӣ ба даст оварда шудааст.

Илова бар ин, задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва якҷониба бастани марз аз ҷониби Қирғизистон боис гардид, ки таҳвилҳо тариқи қочоқ дар шимоли Тоҷикистон қатъ шавад.

«Ин интиқоли ғайриқонунӣ дар ҳаҷмҳои зиёд сурат гирифта, танҳо воридоти ғайриқонунии маводи сӯхт сеяки эҳтиёҷоти мо арзёбӣ мешавад. Тавре маълум аст, маҳсулоти қочоқӣ бидуни пардохтҳои гумрукӣ (ААИ, аксиз, боҷи воридотӣ) ворид карда мешавад. Эҳтимол маҳсулоти ғайриқонунӣ воридшуда низ дар ин ҷо бидуни андозбандии дахлдори дохилӣ фурӯхта мешуд”, – шарҳ дод коршинос.

Саидов таъкид кард, ки камбуд бинобар баста шудани роҳу воситаҳои қочоқ, табиист, ки аз ҳисоби воридоти қонунӣ рӯйпӯш мешавад ва онҳо танҳо пас аз пардохти пурраи боҷи гумрукӣ метавонанд ба бозори дохилии мо оварда шаванд.

Омилҳое, ки коршинос зикр кард, то андозае бо маълумоти расмии Хадамоти гумрук тасдиқ карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми боҷи гумрукӣ тақрибан 3,2 млрд сомониро ташкил додааст, ки 9% ё худ 263 млн сомонӣ нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда зиёд аст.

Дар сохтори пардохтҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 85%-ро андозҳо ташкил доданд: 77,5% – ААИ ва 7,5% – андози аксизӣ. Боҷи гумрукии воридотӣ 10,3%, боҷи содиротӣ – 2,7%в а 2%-и боқимонда ба даромадҳои ғайриандозӣ рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...