Шойгу: “Пойгоҳҳои низомии Русия дар сурати таҳдиди мустақим марзҳои СААД-ро дифоъ хоҳанд кард”

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сурати таҳдиди мустақим аз самти Афғонистон ба ҳифзи марзҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу изҳори назар кардааст.

«Пойгоҳи мо дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ пуриқтидору тавоно аст ва албатта, агар лозим шавад, дар сурати хатари мустақим он ба ҳифзи сарҳадоти СААД ҷалб карда мешавад. Ҳамин чиз ба пойгоҳи мо дар Қирғизистон низ дахл дорад. Дар он ҷо низ чунин эҳтиёҷ ба миён омада метавонад ", – гуфтааст ӯ дар посух ба савол дар бораи тадбирҳои андешида ҷиҳати рафъи хатарҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон. Дар ин хусус Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.

Ҳамзамон Сергей Шойгу зикр кардааст, ки кишварҳои узви СААД аз лиҳози миқёс ва иқтидори мудофиавии худ наметавонанд бо Русия баробар бошанд ва дар самти Афғонистон ба кумак ниёз доранд, зеро ин ҷо дар ниҳояти кор доир ба амнияти ҳарбии Русия сухан меравад.

«Умедворем, ки созишномаҳои бо “Толибон” доштаамон амалӣ хоҳанд шуд. Аммо, бо хулоса аз таҷрибаҳои пешин, албатта, ба он комилан бовар кардан душвор аст. Ин корро бояд кард, то ин ҳама ба кишвари мо нарасад. Ва дар ин ҷо зарур аст, ки аъзои СААД-ро ҳамаҷониба дастгириву кумак кунем”,- иброз доштааст вазири дифои Русия.

Дар посух ба савол дар бораи хароҷоти молии Русия дар ин самт, ӯ чунин изҳор доштааст: "Агар дар бораи пул бигӯем, пас он ин гуна маблағе нест, ки бояд ҳангоми тасмими чунин корҳо дар бораи он фикр кунем".

Сергей Шойгу ҳамчунин илова намудааст, ки Маскав ва Душанбе барномаи муштараки дубора муҷаҳҳаз сохтани артиши Тоҷикистонро амалӣ мекунанд, аммо ҳоло зарурати тақвияти зарфияти ҷангии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба миён омадааст.

"Барнома бузург буда, тақрибан то соли 2040 пешбинӣ шудааст. Аммо ҳоло зарурати асосноке ба миён омадааст, ки натанҳо бо артиш, балки бо вазъи сарҳад ҳам машғул будан лозим аст”, – таъкид доштааст вазири дифои Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...