Дар ҷануби кишвар машқҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон ба поён мерасанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Машқҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон, наздикии марз бо Афғонистон, ки аз 1 август оғоз шуда буд, имрӯз, 10 август ба поён мерасад.

Дар марҳилаи хотимавии машқҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини аввали вазири мудофиа – сардори Ситоди куллии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳамедов ва фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин ҳузур хоҳанд дошт, хабар дод ба "Азия-Плюс" сардори маркази матуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадализода.

Ба ин машқҳои 10-рӯза беш аз 2,5 ҳазор сарбозону афсарони артишҳои се давлат, 500 воҳиди техникаи ҳарбӣ ва тӯпҳо (артиллерия), 25 ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ҷараёни тамринҳо низомиён омодагиро ба гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби гурӯҳи муштараки нирӯҳо барои шикаст додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, мавриди санҷишу амал ва таҷриба қарор доданд.

Имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи се давлат маҳв кардани гурӯҳҳои тундгарои террористиро ҳангоми убури сарҳади давлатӣ машқ мекунанд.

Дар вақти берун аз машқҳо низомиён ин гуна вақти худро мегузаронанд. Навори видеоии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар ин бора.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...