“Ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон наомадааст”. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Date:

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти кӯтоҳ, хабари ба Тоҷикистон омадани Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистонро рад кард. Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди идораи умури раёсатҷумҳурии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба "Азия-Плюс" хабар дода буд, ки Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба Тоҷикистон ва аз он ҷо ба кишвари сеюм рафт.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки  "ҳавопаймои ҳомили  ҷаноби Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба фазои ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар ҳудуди кишвар фуруд наомадааст.  Ҳамчунин таъкид  мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон чунин дархости дахлдор нагирифтааст".

Такзиби хабари ба нахуст ба Тоҷикистон омадани ҳавопаймои ҳомили раисҷумҳури собиқи Афғонистон аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки дирӯз Радиои Озодӣ ҳам бо такя ба ду манбаъ гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон омадааст. 

Дирӯз, Саҷҷод Нуристонӣ, корманди дастгоҳи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз Кобул ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон рафт ва аз он ҷо ба кишвари сеюм меравад. 

Ба гуфти Нуристонӣ, ҳамроҳ бо Ашраф Ғанӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти милии ӯ ва Фазлмаҳмуд Фазлӣ раиси идораи умур ё дастгоҳи иҷроияи Ғанӣ низ будаанд. 

Баъдан ҳамин манбаъ ба "Азия-Плюс" гуфта, ки Ашраф Ғанӣ ба Умон расид. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...