“Мо ба афғонҳо ҳама чиз додем”. Изҳороти махсуси президенти ИМА дар бораи вазъи Афғонистон

Asia-Plus

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден баъди аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати “Толибон” рӯзи якшанбе тасарруф шудани кохи президент дар Кобул ва идораи кишварро ба даст гирифтани онҳо, дар бораи вазъият дар Афғонистон изҳори назар кард.

Пахши суханронии президент дар аккаунти расмии сарвари давлат дар Twitter намоиш дода шуда, матни пурраи он (бо забони англисӣ) дар сомонаи Департаменти давлатӣ нашр шудааст.

Тавре Медуза хабар медиҳад, зимни суханронӣ Ҷо Байден гуфтааст, ИМА ба Афғонистон 20 сол пеш барои ҳисоббаробарӣ бо нафарони дастдошта дар амалҳои террористии 11 сентябр омадааст, то муътақид гардад, ки “Ал-Қоида” Афғонистонро наметавонад ҳамчун пойгоҳ барои ҳамлаҳо истифода барад. “Мо аз уҳдаи ин кор баромадем”, – иброз доштааст ӯ.

“Ҳадафи мо ҳеҷ гоҳ кумак ба афғонҳо дар бунёди давлати худ набуд. Агар нерӯҳои афғон намехоҳанд худашон мубориза баранд, пас амрикоиҳо набояд дар ҷанги бегона иштирок кунанду ҷон диҳанд”, – гуфтааст президенти ИМА.

Ҷо Байден изҳор доштааст, ки ИМА триллион доллар масраф намуда, ба афғонҳо ҳама чизро дод, то ки мустақилона ояндаашонро муайян кунанд, “лекин хоҳишу иродаи барои ин оянда мубориза бурданро мо дода наметавонем”.

“Агар Афғонистон мустақилона ҷиҳати муқовимат бо “Толибон” қодир набошад, пас на як солу на панҷ ва на бист соли ҳузури иловагии ИМА ба онҳо кумак карда наметавонад, – иброз доштааст ӯ. – Кӯшиши дубора дигаргун сохтани кишвари хориҷӣ бо ҷойгиркунии беохири нерӯҳои амрикоӣ кори хатост”.

Ӯ зикр кардааст, ки иштирок дар ин низоъ ба манфиати ИМА набуда, рақибонаш – Русия ва Чин хурсанд мебуданд, агар ИМА ба харҷи триллионҳо доллар барои Афғонистон идома медод.

“Чизе, ки ҳоло дар ин кишвар ҷараён дорад, писандам нест, лекин ба тасмими худ мутмаинам. Мо вазифадорем, ки кӯчиданро анҷом диҳем ва пас аз он ҷанг барои мо хотима меёбад”, – изҳор доштааст Ҷо Байден.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...