СААД: “Режими Афғонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳо асос ёбад”

Asia-Plus

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Эмомалӣ Раҳмон 23 август соли  иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ба ҳайси давлати даъватшуда дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуданд.

Дар ҷараёни иҷлосия кишварҳои узв якбора бад шудани вазъ дар Афғонистонро бо нигаронӣ зикр намуданд.

Онҳо аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар таъкид карданд.

Дар ҷараёни иҷлосия зикр карда шуд, ки режими сиёсии Афгонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Бо дарназардошти ҳузури афзояндаи ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки ин кишварро ҳамчун макони эҳтиётӣ барои таъсиси нуктаҳои такягоҳӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва ғасби иҷбории худ истифода мебаранд, кишварҳои узви СААД аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.

Барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, тавофуқ ҳосил шуд.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ба мувофиқа расиданд, ки табодули афкор дар бораи вазъият дар Афғонистон 16 сентябр дар Душанбе дар нишасти қарибулвуқӯи СААД идома ёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...