Пидром дар Душанбе вазъи Афғонистонро ба баҳс мекашад

Date:

Латифи Пидром, сиёсатмадор, шоир ва донишманди саршиноси Афғонистон, раиси ҳизби Кунгураи миллии ин кишвар, дар як маҳфили хос дар Душанбе авзои кунунии Афғонистонро ба баҳс мекашад. Қарор аст, ин маҳфил, рӯзи 28-уми августи соли 2021 баргузор шавад.

Ин маҳфил аз сӯйи бунёди "Гуфтугӯйи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов созмондеҳӣ шудааст, ки интизор меравад Латифи Пидром дар мавзуъи «Вазъи имрӯзи Афғонистон» суханронӣ ва баҳс кунад.

Маҳфил дар «Кохи афсарон»-и Душанбе соати 17.30, рӯзи 28-уми август баргузор мешавад.

Доктор Латифи Пидром яке аз рӯшанфикрони саршиноси Афғонистон ва яке аз раҳбарони тоҷикони ин кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир узви як тими музокиракунандаи сиёсатмадорони Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Юнуси Қонунӣ раиси пешини порлумони Афғонистон барои ташкили як ҳукумати фарогир бо Толибон аст.

Ин тим дар остонаи суқути Кобул ба Исломобод рафта буд ва бо мақомҳои ин кишвар, аз ҷумла вазири хориҷа Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва сарвазир Имрон Хон мулоқот доштанд.

Пидром яке аз сиёсатмадорони номошнои Афғонистон аст, ки идеи федеролӣ кардани Афғонистонро солҳост матраҳ мекунад ва инро ягона роҳи ҳалли мушкили Афғонистон медонад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...