Пидром дар Душанбе вазъи Афғонистонро ба баҳс мекашад

Латифи Пидром, сиёсатмадор, шоир ва донишманди саршиноси Афғонистон, раиси ҳизби Кунгураи миллии ин кишвар, дар як маҳфили хос дар Душанбе авзои кунунии Афғонистонро ба баҳс мекашад. Қарор аст, ин маҳфил, рӯзи 28-уми августи соли 2021 баргузор шавад. Ин маҳфил аз сӯйи бунёди "Гуфтугӯйи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов созмондеҳӣ шудааст, ки интизор меравад Латифи Пидром дар […]

Латифи Пидром, сиёсатмадор, шоир ва донишманди саршиноси Афғонистон, раиси ҳизби Кунгураи миллии ин кишвар, дар як маҳфили хос дар Душанбе авзои кунунии Афғонистонро ба баҳс мекашад. Қарор аст, ин маҳфил, рӯзи 28-уми августи соли 2021 баргузор шавад.

Ин маҳфил аз сӯйи бунёди "Гуфтугӯйи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов созмондеҳӣ шудааст, ки интизор меравад Латифи Пидром дар мавзуъи «Вазъи имрӯзи Афғонистон» суханронӣ ва баҳс кунад.

Маҳфил дар «Кохи афсарон»-и Душанбе соати 17.30, рӯзи 28-уми август баргузор мешавад.

Доктор Латифи Пидром яке аз рӯшанфикрони саршиноси Афғонистон ва яке аз раҳбарони тоҷикони ин кишвар аст, ки дар ҳоли ҳозир узви як тими музокиракунандаи сиёсатмадорони Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Юнуси Қонунӣ раиси пешини порлумони Афғонистон барои ташкили як ҳукумати фарогир бо Толибон аст.

Ин тим дар остонаи суқути Кобул ба Исломобод рафта буд ва бо мақомҳои ин кишвар, аз ҷумла вазири хориҷа Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва сарвазир Имрон Хон мулоқот доштанд.

Пидром яке аз сиёсатмадорони номошнои Афғонистон аст, ки идеи федеролӣ кардани Афғонистонро солҳост матраҳ мекунад ва инро ягона роҳи ҳалли мушкили Афғонистон медонад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.