Баррасии вазъи Афғонистон дар гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 25 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зикр гардид, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.

“Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад”, – бо нигаронӣ зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.

Президенти Тоҷикистон ба президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба  якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот доданд.

“Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад, – изҳор дошт сарвари давлати Тоҷикистон дар ин замина.

Ҷонибҳо дар бораи идомаи машваратҳо оид ба масъалаҳои Афғонистон ба мувофиқа расиданд ва тасмим гирифтанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...