Агентии омор аз чӣ қадар гароншавии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон маълумот дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 5,5% боло рафтанд.

Нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон пас аз дефлятсия дар моҳи июни соли равон (-1,3%) дар моҳи июд боз ба болоравӣ (0,3%) оғоз намуданд.

Болоравии бештари нархҳо ба хӯрокворӣ дар давоми як моҳи соли ҷорӣ дар моҳи март – 1,8% ба қайд гирифта шуд.

Арзиши маҳсулоти ғизойӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ ба андозаи 1% боло рафта, моҳи феврал то 0,9% каме поинтар фаромад.

Пас аз болоравии зиёдтарин дар моҳи март, ки дар боло ишора намудем, моҳи апрел нархҳо каме сусттар – то 1,1% поин рафта, моҳи май боз афзуданд (1,2%).

Тағйироти нархҳо аз рӯйи гурӯҳи асосии маҳсулоти хӯрокворӣ дар моҳи июл нисбат ба моҳи июни соли 2021 ва декабри соли 2020:

Тағйироти нархҳо аз рӯйи гурӯҳи асосии маҳсулоти хӯрокворӣ дар моҳи июл нисбат ба моҳи июни соли 2021 ва декабри соли 2020:

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 4,5%-ро ташкил дод.

Маҳсулоти ғайриозуқа дар ин давра ба андозаи 0,4% қимат шуд.

Болоравии арзиши маҳсулоти ғайриозуқа дар ин давра асосан аз ҳисоби афзоиши нархи сӯзишворӣ ба андозаи 36,4% ба вуҷуд омад. Аз ҷумла нархҳои чакана ба бензин 46,7%, сӯзишвории дизелӣ -34% ва гази моеъ – 32,4% зиёд шуд.

Таърифаҳои хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 2,3%, аз ҷумла арзиши хизматрасонии нақлиёти мусофирбар – 1,5% ва хизматрасониҳо дар муассисаҳои томакабӣ – 0,6% боло рафтанд.

Ҳадаф – 6% то охири сол

Нишондиҳандаи таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.

“Дар соли 2020 низ дар ҳамин сатҳ болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин аз рӯйи натиҷаҳои сол сатҳи таварруми рекордӣ тайи даҳ соли ахир – 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Охири семоҳаи аввали ҳамин сол иқтисодчиёни Бонки авруосиёии рушд поинравии сатҳи таваррумро дар нимаи дуюми сол пешгӯйӣ карданд.

“Аз сустшавии болоравии нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ бо шарти “поинравии “паҳншавӣ”-и пандемия ва сабук шудани тадбирҳои маҳдудкунанда дар нимсолаи дуюми соли 2021 интизорӣ мебояд дошт”, – изҳор дошта буданд онҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.