Зас: СААД ният надорад ба Афғонистон неру фиристад

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) низомиёни худро ба Афғонистон намефиристад, изҳор дошт дабири кулли Созмон Станислав Зас. Нигарониҳоро дар ин маврид ӯ беасос медонад, менависад “Коммерсантъ”. "Оё Афғонистон боз як доме шаваду моро лозим хоҳад омад, ки фарзандони худро дубора он ҷо бифиристем? Албатта, не. Нигарониҳо комилан беасосанд”, – гуфтааст Зас дар яке аз барномаҳои […]

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) низомиёни худро ба Афғонистон намефиристад, изҳор дошт дабири кулли Созмон Станислав Зас. Нигарониҳоро дар ин маврид ӯ беасос медонад, менависад “Коммерсантъ”.

"Оё Афғонистон боз як доме шаваду моро лозим хоҳад омад, ки фарзандони худро дубора он ҷо бифиристем? Албатта, не. Нигарониҳо комилан беасосанд”, – гуфтааст Зас дар яке аз барномаҳои шабакаи СТВ -и Беларус.

Ӯ зикр кардааст, ки СААД – “ба таври истисно созмони мудофиаи ҳарбиву сиёсӣ мебошад. Неруҳои дифоии дастаҷамъиро он метавонад танҳо “дар доираи минтақаи масъулияти СААД, яъне дар ҳудуди сарҳади кишварҳо истифода барад”.

Ба ҳайати СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Зас иброз доштааст, ки ин созмон маҷмӯи тадбирҳоро барои то ҳадди ақалл кам кардани таҳдидҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кардааст.

"Ҳоло вазъ дар он ҷо тағир ёфта, мо бояд онро бодиққат омӯзем ва дар фаъолиятамон ба инобат гирем, аз ҷумла дар мавриди муқовимат бо ин таҳдидҳо, ки аз байн нарафтаанд ва қисман ҳатто баръакс – рӯйи кор омаданд”, – илова намудааст дабири кулли Созмон.

Ҳаракати “Толибон” 15 август Кобулро тасарруф намуда, эъон кард, ки Афғонистонро зери назорат гирифт. 23 август СААД ҷаласа баргузор намуда, дар он кишварҳои узв ба тавофуқ расиданд, ки тадбирҳои иовагии амниятӣ меандешанд. Созмон иҳори нигаронӣ намуд, ки “Толибон” бар хилофи ваъдаҳо ба таъсиси ҳукумати эътилофӣ шурӯъ накарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.