Толибон дастрасӣ ба интернетро дар Панҷшер қатъ карданд

Asia-Plus

Гурӯҳи террористии “Толибон” (фаъолияташ дар як қатор кишварҳо манъшуда) дастрасӣ ба интернетро барои сокинони вилояти Панҷшер қатъ намуданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Raha Press.

Ба ин тариқ, Raha Press ишора мекунад, ки симкортҳои операторони «SIM» ва «Etisalat» дар Панҷшер аз кор мондаанд. Дар водии Панҷшер алоқа қатъ шуд, то ки тавре пешбинӣ мешавад, ноиби раисҷумҳур Амруллоҳ Солеҳ, ки худро иҷрокунандаи вазифаи президент номид, ба Twitter хабар фиристода натавонад.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, ӯ айни замон маҳз дар ҳамон ҷо қарор дорад.

Қаблан дар саҳифаи худ дар Twitter ноиби раисҷумҳури Афғонистон навишт, ки дар бораи робитаҳо байни бахши Давлати исломии “Хуросон”, ҳаракати “Толибон” ва “Шабакаи Ҳаққонӣ” далелҳо мавҷуданд. Солеҳ иҷрокунандагони амали террористиро дар назди дарвозаи фурудгоҳи Кобул низ ба толибон нисбат дод.

Ҳамсуҳбати ТАСС гуфтааст, интернети мобилӣ қисман қатъ шуда, лекин минтақа ба низоми умумимилии телекоммуникатсионӣ пайваст нест.

“Вазъи гуманитарӣ дар Панҷшер алҳол босубот буда, лекин толибон талош доранд, ки онро ба таври назаррас бад кунанд. Онҳо ҷиҳати дастрасӣ ба низоми интиқоли барқ монеъа эҷод мекунанд, ҳарчанд ин ҷо ба туфайли дарёҳои маҳаллӣ барқ кофӣ аст”, – илова намудааст манбаи хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, толибон давра ба давра роҳҳо ба самти минтақаро мебанданд ва изҳори нигаронӣ кардааст, ки ҷангиён интиқоли маҳсулоти сӯзишвориро бозмедоранд.

Рӯзи 15 август толибон Кобулро тасарруф намуда, аз поёни ҷанг ва пурра зери назораташон гузаштани Афғонистон хабар доданд. Сарвари давлат Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор намуд. Муовини ӯ Амруллоҳ Солеҳ худро президенти Афғонистон эълон карда, даъват намуд, ки зидди толибон мебояд ҷанг кард.

Айни замон водии Панҷшер ягона минтақаест дар Афғонистон, ки толибон ба он ворид нашудаанд.

Ҷабҳаи муқовиматро дар Панҷшер Аҳмад Масъуд роҳбарӣ карда, рӯзи 22 август ӯ эълом дошт, ки вилоятро ба дасти Толибон намесупорад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...