Зас: СААД ният надорад ба Афғонистон неру фиристад

Asia-Plus

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) низомиёни худро ба Афғонистон намефиристад, изҳор дошт дабири кулли Созмон Станислав Зас. Нигарониҳоро дар ин маврид ӯ беасос медонад, менависад “Коммерсантъ”.

"Оё Афғонистон боз як доме шаваду моро лозим хоҳад омад, ки фарзандони худро дубора он ҷо бифиристем? Албатта, не. Нигарониҳо комилан беасосанд”, – гуфтааст Зас дар яке аз барномаҳои шабакаи СТВ -и Беларус.

Ӯ зикр кардааст, ки СААД – “ба таври истисно созмони мудофиаи ҳарбиву сиёсӣ мебошад. Неруҳои дифоии дастаҷамъиро он метавонад танҳо “дар доираи минтақаи масъулияти СААД, яъне дар ҳудуди сарҳади кишварҳо истифода барад”.

Ба ҳайати СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.

Зас иброз доштааст, ки ин созмон маҷмӯи тадбирҳоро барои то ҳадди ақалл кам кардани таҳдидҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кардааст.

"Ҳоло вазъ дар он ҷо тағир ёфта, мо бояд онро бодиққат омӯзем ва дар фаъолиятамон ба инобат гирем, аз ҷумла дар мавриди муқовимат бо ин таҳдидҳо, ки аз байн нарафтаанд ва қисман ҳатто баръакс – рӯйи кор омаданд”, – илова намудааст дабири кулли Созмон.

Ҳаракати “Толибон” 15 август Кобулро тасарруф намуда, эъон кард, ки Афғонистонро зери назорат гирифт. 23 август СААД ҷаласа баргузор намуда, дар он кишварҳои узв ба тавофуқ расиданд, ки тадбирҳои иовагии амниятӣ меандешанд. Созмон иҳори нигаронӣ намуд, ки “Толибон” бар хилофи ваъдаҳо ба таъсиси ҳукумати эътилофӣ шурӯъ накарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.