Расман: Арзиши хидматрасонии таксиҳо ҳам дар Душанбе гарон шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Роҳкирои таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе (“Рахш такси”, “Олу4а такси”, “1такси”, “Asian Express” ва ғайра) расман қиммат шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ба “Азия плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун баробари савор шудан ба таксӣ ва то 3 км рафтан, ки 10 сомонӣ буд, мусофирон 15 сомонӣ пардохт мекунанд. Пас аз ин, 1 километри роҳ, ки пештар 2,5 сомонӣ буд, 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, чанде рӯз пеш, ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ нархи навро бо онҳо мувофиқа кардаанд ва Хадамоти зиддинҳисорӣ иҷозат дод.

– Нархҳои нав дар пасманзарӣ қиммат шудани нархи газу бензин дар кишвар амалӣ шуд, чунки нархи пештара хароҷоти таксиҳоро намепӯшонид,- гуфтанд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Манбаъи мо, ҳамчунин, гуфт, ки чунин нархномаҳо он қадар муҳиме нестанд, ки расман тавассути ВАО эълон карда шавад, “вале ҳар расонае, ки ба мо муроҷиат мекунад, мо омодаем, иттилоъро диҳем”.

Рӯзи ҷумъаи гузашта “Азия плюс” аз нигаронии сокинони Душанбе аз болоравии арзиши роҳкирои таксиҳои фармоишӣ хабар дода буд. Вале ширкатҳои хизматрасонии таксӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣинро инро рад мекарданд.

Он замон ронандагон мегуфтанд, ки арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдорӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегуфтанд, ки ин масъала ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари боло рафтани арзиши газу бинзин дар кишвар, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 37 то 50 фоиз гарон шудааст.

Акнун, шурӯъ аз 1 сентябр нархи роҳкирои мусофиркашонӣ дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд то 25 % тағйир ёфта, тибқи нархномаи нав арзиши роҳкирои хатсайрҳои дохилишаҳрӣ 50 дирам ва нақлиёти наздишаҳриву байнишаҳрӣ аз 3 то 5 сомонӣ боло бурда мешавад.

Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд Олим Очилзода дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки болоравии бесобиқаи нархи маводи сӯхт ба фаъолияти ширкатҳои мусофиркашонӣ таъсир расонида, то ин замон борҳо шуморе аз ронандаҳо дар бораи мушкили руйпуш карда натавонистани хароҷоти худ, ба унвонии онҳо муроҷиат кардаанд.

То ҳол танҳо нақлиёти ҷамъиятии Душанбе қиммат нашудааст. Вале аз шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки ин масъала ҳам мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дорад, вале то кунун ниҳоӣ нашудааст.

Аз “Душанбехадамотнақлиёт”, ба мо гуфтанд, ки то ба ҳол дар мавриди баланд кардани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ таҳлил идома дорад ва дар ин бора супорише нашудааст.

– Дар пеш 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва то баргузории ин ҷашн нархи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баланд намешавад. Ва шояд баъди он ҳам нарх баланд нашавад, – гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Ҳоло дар саросари кишвар якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва камбудии газ мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, як литр газ аз аввали сол беш аз ду баробар афзоиш ёфт: аз 4 сомонӣ то 9 – 9,3 сомонӣ дар Душанбе. Як литр бензини АИ-92 имрӯз дар Душанбе 8,9-9,5 сомонӣ арзиш дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...