Ҳамасола беш аз ҳазор омӯзгори хатлонӣ ба муҳоҷират мераванд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Як манбаъ аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар дод, ки ҳар сол беш аз 1000 омӯзгори мактабҳои вилояти Хатлон тарки кор карда, ба муҳоҷирати меҳнати руй меоранд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, аслан шумори дақиқи омӯзгороне, ки ба муҳоҷират мераванд то 10 октябр дақиқ мешавад ва шояд ин рақам то 1,5 ҳазор боло равад.

“Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки аксари онҳо ҷавонони то 30-сола мебошанд. Нафароне ҳастанд, ки дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил кардаву мувофиқи талабот бояд се сол кор карда, баъдан дипломи худро бигиранд. Баъди се соли корашон вақте дипломашонро мегиранд, тарки кор мекунанд. Ин кори онҳо ҷанбаҳои иҷтимоӣ дорад. Яъне маоши омӯзгорони ҷавон  камтар аст ва онҳо бо чунин маош кор кардан намехоҳанд”,- гуфт манбаъ.

Манбаъи мо гуфт, ки ҷойи омӯзгорони рафтаро дар вилоят аз ҳисоби хатмкардаҳои факултаҳои омӯзгории донишгоҳҳои кишвар пур мекунанд.

“Имсол аз ҳисоби хатмкардаҳои факултаҳои омӯзгории донишгоҳҳои кишвар 1 ҳазору 436 нафар тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм бояд ба мактабҳои вилояти Хатлон ба кор биоянд. То санаи 27 август 614 нафар ё 43% онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанду халос”, – гуфт манбаъ. 

Норасоии муаллимон дар мактабҳои Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки сарфи назар аз зиёд будани омӯзгорони хатмкардаи риштаҳои омӯзгории донишгоҳҳои кишвар, ба далели камии маош ва дигар омилҳои иҷтимоӣ, ин мушкил ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. 

Тибқи омори Вазорати маориф дар соли 2020 мактбаҳои Тоҷикистон ба 2959 омӯзгор ниёз доштанд, ки аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон кадрҳои омӯзгорӣ намерасиданд. Дар ин вилоят ба 942 омӯзгор дар мактабҳо ниёзмандӣ вуҷуд дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.