Беш аз 75 парвоз дар ҳафта: ҷадвали пешакии парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия нашр шуд

Интизор меравад, ки дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 75 парвози мустақим анҷом дода шавад. Дар ин бора, сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дода, ҷадвали эҳтимолии парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс нашр кардааст. Манбаъ менависад, ки мувофиқи қарори Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия аз 27 август, ширкатҳои ҳавопаймоии ду […]

Интизор меравад, ки дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 75 парвози мустақим анҷом дода шавад. Дар ин бора, сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дода, ҷадвали эҳтимолии парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс нашр кардааст.

Манбаъ менависад, ки мувофиқи қарори Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия аз 27 август, ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар ҷадвали нави реҷаи мунтазамро ташкил намудаанд.

Тибқи ҷадвали мазкур, ширкати «ЮТэйр» 31 август, 2, 4, 5 ва шурӯъ, аз 7 сентябр ҳар рӯз якпарвозӣ аз Маскав (Внуково) ба Душанбе анҷом медиҳад. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 1, 3, 5, 6 ва шурӯъ, аз 8 сентябр ҳар рӯз аз Душанбе ба Маскав (Внуково) ҳавопаймо парвоз хоҳад кард.

Ҳамчунин, ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр” аз 27 август ҳамарӯза аз Душанбе ба Маскав ва баръакс парвози мунтазам анҷом медиҳад. Гуфта шудааст, ки ҷадвали парвозҳои “Сомон Эйр” ба минтақаҳои дигари Русия мушаххас карда мешавад.

Зимнан, ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта ба 38 самт парвозҳои мустақим анҷом диҳад. Аз ҷумла, парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Санкт – Петербург, Екатеринбург, Жуковский, Қазон, Калуга, Краснодар, Красноярск, Липетск, Минералние Води, Налчик, Нижнекамск , Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростови лаби Дон, Самара, Уфа, Челябинск анҷом дода мешавад. Вақту замони парвозҳои мазкур дар ин ҷой аст.

Ширкати ҳавопаймоии “S7 Airlines” (Сибир) ба нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта дар 23 хатсайр парвозҳои мустақим дошта бошад. Аз ҷумла парвозҳо аз Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Маскав, Астрахан, Барнаул, Владивосток, Волгоград, Воронеж, Иркутск, Кемерово, Краснодар, Нижний Новгород, Омск, Оренбург, Саратов, Тюмен, Челябинск пешбинӣ шудааст. Вақту замони парвозҳои мазкурро аз ин ҷо мешавад пайдо кард.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз 1 сентябри соли 2021 вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Федератсияи Россия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди “QR-code”-и “Саёҳат бидуни COVID-19» манъ аст.

Ёдовар мешавем, ки бо вуҷуди роҳандозии парвозҳои мунтазам, нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ҳамоно қимат аст ва он дар нуқтаҳои билетфурӯшии Душанбе бо арзиши аз 5 то 6,5 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки мақомот чанде пеш гуфта буданд, ки бо роҳандозии парвози мунтазам байни Русия ва Тоҷикистон нархи чиптаи ҳавопаймо арзон мешавад. Гузориши “Азия плюс” – ро дар бораи нархи билет дар инҷо мутолиа намоед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.