Имсол 240 ҳазор нафар ба синфи 1 мераванд

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар  имсол 240 ҳазор нафар ба синфи 1 мераванд. Ҳамчунин аз ин ниҳод гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои пешин, имсол “Дарси сулҳ” тариқи телевизионҳои кишвар ба таври зинда нашр намешавад. Тавре гуфта мешавад, пагоҳ, 1 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Гимназияи № 4 барои хонандагони […]

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар  имсол 240 ҳазор нафар ба синфи 1 мераванд. Ҳамчунин аз ин ниҳод гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои пешин, имсол “Дарси сулҳ” тариқи телевизионҳои кишвар ба таври зинда нашр намешавад.

Тавре гуфта мешавад, пагоҳ, 1 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мегузаронад.

– “Рӯзи дониш” фавран бо дарсҳо оғоз мешавад, на аз тамошои оммавии пахши мустақими телевизионӣ дар муассисаҳоии таълимии кишвар. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Гимназияи рақами 4 -и шаҳри Душанбе ширкат карда, бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб мулоқот хоҳад кард", – гуфт манбаъи мо.

Ба гуфтаи манбаъ, имсол тибқи маълумоти пешакӣ тақрибан 240 ҳазор кӯдак ба синфи 1 мераванд.

Ҳамасола 1 сентябр дар Тоҷикистон бо "Дарси сулҳ" оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз яке аз мактабҳои тозабунёдшуда  нашр мешуд, тариқи телевизионҳо гӯш мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.