Вазорати тандурустӣ: аз 1 сентябр вуруд ба Русия бе ҳуҷҷати QR-code манъ аст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки ба Русия сафар менамоянд, мерасонад, ки дар асоси қарори ҳукумати Русия аз 20 июли соли 2021, шурӯъ аз 1 сентябри соли 2021 вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Федератсияи Россия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди QR-code манъ аст. Гуфта мешавад, ки қаблан шаҳрвандони мамлакат барои ворид шудан ба Русия […]

Asia-Plus

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки ба Русия сафар менамоянд, мерасонад, ки дар асоси қарори ҳукумати Русия аз 20 июли соли 2021, шурӯъ аз 1 сентябри соли 2021 вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Федератсияи Россия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди QR-code манъ аст.

Гуфта мешавад, ки қаблан шаҳрвандони мамлакат барои ворид шудан ба Русия маълумотнома оид ба тоза будан аз сирояти коронавирусро дар муҳлати 72  соат аз озмоишгоҳҳо дастрас менамуданд.

Аммо, бинобар қоидаҳои нави ворид шудан ба ин кишвар, минбаъд чунин маълумотномаҳо оид ба тоза будан аз бемории коронавирус тариқи рамзи QR-code дар телефонҳои мобилӣ (смартфон) ҷойгир кунонидашуда, мавриди истифода қарор мегирад, ки  тартиби дурусти пайдо намудани ин ҳуҷҷат чунин аст:

– Дар асоси лоиҳаи «Саёҳат бидуни COVID-19» барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар интернет-мағозаҳое, ки дар телефон барномагузорӣ шудааст, барномаи наве бо номи «Путешествую без COVID-19» кушода  шудааст;

– Нахуст Шумо бояд ин барномаро дар телефони дастии худ насб намуда, маълумоти лозимаро дар ворид кунед;

– Пас аз ворид намудани маълумот барнома ба Шумо маконҳоеро, ки дар он ҷо гирифтани ташхис дар намуди QR-code имконпазир аст, пешниҳод менамояд;

– Ҳамин тавр, ба воситаи барномаи мазкур макони барои худ мувофиқро интихоб намуда, бо шиносномаи хориҷӣ ба онҷо муроҷиат кунед;

– Пас аз гузаштани ташхис, тамоми маълумоти лозимиро дар шакли рамзи  QR-code ба барномаи дар телефон насбшудаатон ворид мекунед;

– Ҳангоми сафар ба  Русия, рамзи QR-code-ро аз тариқи телефон ба нафарони масъул нишон медиҳед;

Шаҳрвандони мамлакат, ки ба Русия сафар менамоянд, пас аз насби барномаи «Путешествую без COVID-19» дар телефони мобилии худ метавонанд рамзи QR-code-ро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, махсусан аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ин хадамот дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд дастрас намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.