Мусоҳибаи Ато: Аз шикасти Балх то эътирофи Амруллоҳ Солеҳ ҳамчун президенти Афғонистон

Волии пешини Балх ва яке аз шахситяҳои таъсиргузор дар сиёсати пешини Афғонистон Ато Муҳаммади Нур дар мусоҳибаи видеоии худ бо “ББС” дар бораи баъзе нуқтаҳои калидӣ оид ба суқути низом дар Афғонистон суҳбат намудааст. Ӯ, ки аз шаҳри Дубай бо “ББС” суҳбат мекард, аз ҷумла гуфт, ки сенарияи суқути Афғонистон ва тасарруфи “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Волии пешини Балх ва яке аз шахситяҳои таъсиргузор дар сиёсати пешини Афғонистон Ато Муҳаммади Нур дар мусоҳибаи видеоии худ бо “ББС” дар бораи баъзе нуқтаҳои калидӣ оид ба суқути низом дар Афғонистон суҳбат намудааст.

Ӯ, ки аз шаҳри Дубай бо “ББС” суҳбат мекард, аз ҷумла гуфт, ки сенарияи суқути Афғонистон ва тасарруфи “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон маманӯъ) аз имзои Давҳа шурӯъ мешавад.

“Таблиғоти ҳамоҳанг, санҷидашуда, муназзам аз тариқи коршиносони ғарбӣ ва нашрияҳо ва хабаргузории муътабари Ғарб нишонаи он буд, ки як сенарияи танзимшуда аст ва пушти он дӯстони стратегии қавии Афғонистон қарор дошт ва маълум буд ки “Толибон” меоянду Кобулро мегиранду ҳукуматеро ташкил медиҳанд”,- гуфт вай.

Ато Муҳаммад гуфт, ки аз ҷониби раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва Шӯрои амнияти ин кишвар фармонӣ таслим шудани ҷанг ба сарбозон дода шуд.

Вай ҳамчунин, хабарҳоро дар бораи он, ки нерӯҳои вижаи Афғонистон ӯро аз Афғонистон берун оварданд, рад кард ва гуфт, ки онҳо худашон пештар аз кишвар фирор карда буданд.

“Ман охирин нафаре будам, ки аз шаҳри Мазори Шариф фирор кардам”,- гуфт Ато Муҳаммади Нур.

Мусоҳибаи муфассалро инҷо бубуинед:

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.