“Толибон” ба Ҳамид Карзай ҳабси хонагӣ таъин карданд

Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ва раҳбари Шӯрои олии оштӣ Абдулло Абдулло амалан дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Фергана менависад, дар ин бора CNN бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад. Бино ба маълумоти шабакаи телевизионӣ, 23 август ҷангиёни ҳаракати тундгарои “Толибон” силоҳ ва мошинҳои гурӯҳи посбонии мусаллаҳи Карзайро гирифта, ин боис шуд, ки президенти […]

Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ва раҳбари Шӯрои олии оштӣ Абдулло Абдулло амалан дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Фергана менависад, дар ин бора CNN бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти шабакаи телевизионӣ, 23 август ҷангиёни ҳаракати тундгарои “Толибон” силоҳ ва мошинҳои гурӯҳи посбонии мусаллаҳи Карзайро гирифта, ин боис шуд, ки президенти пешин ба назди Абдулло кӯчад.

Рӯзи 25 август афроди мусаллаҳ хонаи Абдуллоро кофтукоб карда, посбонон ва мошинҳои ӯро бурданд.

Тибқи маълумоти манбаъ, Карзай ва Абдулло бидуни муҳофизони худ амалан дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.

Дар нахустин нишасти матбуотӣ пас аз тасарруфи пойтахти Афғонистон, намояндагони “Толибон” ваъда доданд, ки бо иштироки намояндагони гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ҷомеаҳои этникӣ дар Афғонистон ҳукумати эътилофӣ ташкил мекунанд.

Аз он вақт инҷониб намояндагони ҳаракати тундгаро бо Карзай ва Абдулло, ки пас аз 15 август таҳти идораи ҷангиён қарор гирифтани ҳокимият дар Кобул монданд, борҳо гуфтугӯ анҷом додаанд.

Бархе аз ВАО хабар дода буданд, ки “Толибон” ният доранд Шӯрои иборат 12 нафарро таъсис диҳанд, ки ба идоракунии сохторҳои ҳукумати Афғонистон машғул бошад. Дар назар буд, ки Ҳамид Карзай ва Абдулло Абдулло низ ба ҳайати он шомил мешаванд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.