Шӯрои 12-нафарии “Толибон” барои идора кардани Афғонистон: Се чеҳраи асосияш кистанд?

Пешвоёни гурӯҳи “Толибон” низоми идоракунии Афғонистонро интихоб намуданд. Тибқи маълумоти нашрияи Foreign Policy, онҳо Шӯрои иборат 12 нафарро таъсис доданианд, менависад РБК. Бино ба иттилои нашрия, се нафар шахсони бештар таъсиргузор дар шӯро инҳо буда метавонанд: – мулло Абдул Ғанӣ Бародар, роҳбари дафтари сиёсии “Толибон” дар Давҳа; – роҳбари комиссияи ҳарбии “Толибон” мулло Мавлавӣ Яъқуб […]

Пешвоёни гурӯҳи “Толибон” низоми идоракунии Афғонистонро интихоб намуданд. Тибқи маълумоти нашрияи Foreign Policy, онҳо Шӯрои иборат 12 нафарро таъсис доданианд, менависад РБК.

Бино ба иттилои нашрия, се нафар шахсони бештар таъсиргузор дар шӯро инҳо буда метавонанд:

– мулло Абдул Ғанӣ Бародар, роҳбари дафтари сиёсии “Толибон” дар Давҳа;

– роҳбари комиссияи ҳарбии “Толибон” мулло Мавлавӣ Яъқуб — писари муассиси ҳаракат мулло Умар;

– Халил Ал-Раҳмони Ҳаққонӣ — узви воломақоми гурӯҳи террористии “Шабакаи Ҳаққонӣ”.

Толибон намехоҳанд мақоми президент ё ягон раҳбари ягонаи дигарро дар Афғонистон барқарор кунанд, аммо ҳамзамон ният доранд, ки ба бархе аз аъзои ҳукумати қаблӣ дар шӯрои нав ҷой пешниҳод кунанд.

Ба ин тариқ, “Толибон” мехоҳанд як мақоми роҳбарикунандае таъсис диҳанд, ки то ҳадди имкон фарогиранда буда, имкони дастёбӣ ба эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро зиёд кунад, менависад Foreign Policy.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати шӯрои ҳукмрон толибон Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи маъруф Аҳмадшоҳи Масъудро низ дидан мехоҳанд, лекин шомил гардидани Аҳмад Масъуд ба ҳайати ин шӯро кам эҳтимол дорад, чунки ӯ Ҷабҳаи муовимат зидди Толибонро дар ягона вилояти аз тасарруфи толибон озод – Панҷшер ба роҳбарӣ гирифт.

Субҳи 23 август  Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи "Толибон" ва сарпарасти вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон дар ҳисоби корбарии Твиттераш навишт, ки Панҷшер дар муҳосираи ин гурӯҳ афтодааст.

Дар навори видеои рӯзи 22 нашршуда толибон изҳор менамоянд, ки ба Масъуд чор соат вақт медиҳанд, то ҷонибдоронаш силоҳашонро ба замин гузоранд, дар акси ҳол, ҷангиёни муқовимат "муҷозот хоҳанд шуд".

Аҳмад Масъуд, дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Ал-Арабия” изҳор дошт, ки Ҷабҳаи муҷовимат таслим шуданӣ нест ва ба мубориза омода аст.

Ба иттилои Reuters Аҳмад Масъуд зикр кардааст, ки “ин толибон бояд гузашт кунанд ва ҳукумате таъсис бидиҳанд, ки ба онҳо намояндагони тамоми неруҳо шомил шаванд".

“Агар “Толибон” аз муколама даст кашанд, ҷанг ногузир аст”, – таъкид доштааст роҳбари Ҷабҳаи муқовимат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.