Дабири кулли СААД: Тоҷикистон марз бо Афғонистонро дилпурона назорат мекунад

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вазъ дар марз бо Афғонистонро таҳти назорат дошта, ба ҷалби неруҳои иловагӣ ба он ҷо зарурат нест. Тавре ТАСС хабар медиҳад, пас аз иҷлосияи ғайринавбтии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дабири кулли Созмон Станислав Зас таъкид доштааст, ки нисбати таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд, Созмон то ҳадди имкон […]

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон вазъ дар марз бо Афғонистонро таҳти назорат дошта, ба ҷалби неруҳои иловагӣ ба он ҷо зарурат нест.

Тавре ТАСС хабар медиҳад, пас аз иҷлосияи ғайринавбтии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дабири кулли Созмон Станислав Зас таъкид доштааст, ки нисбати таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон бармеоянд, Созмон то ҳадди имкон ҷиддӣ муносибат мекунад ва аз ин рӯ, вазъро дар минтақаи Осиёи Марказӣ бодиққат пайгирӣ дорад.

“Имрӯз марзбонон ва хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон вазъро дар сарҳад бо Афғонистон дилпурона ва ҳамаҷониба зери назорат дошта, ҷалби неруҳои иловагӣ айни замон ба ин ҷо талаб намешавад, – иброз доштааст Зас. – Ба муҷаҳҳазсозии сарҳадбонони Тоҷикистон аз лиҳози техникӣ кумак кардан лозим аст. Ва чунин тадбирҳо, аз ҷумла дар сатҳи дуҷониба роҳандозӣ мешаванд”.

Зас таъкид кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъият дар  сарҳад, Созмон чораҳои амалии дастаҷамъиро таҳия карда истодааст.

Моҳҳои наздик дар наздикии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон як силсила машқҳои низомии бузургмиқёси Неруҳои дастаҷамъии СААД, аз ҷумла «Поиск-2021», «Эшелон-2021», «Взаимодействие-2021» ва «Кобальт-2021» баргузор мешаванд, ки аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.

Станислав Зас илова намудааст, ки агар зарурат пеш ояд, СААД масъалаи ба минтақа фиристодани неруҳои иловагиро баррасӣ хоҳад кард.

“Мо аз тамоми имконот бархӯрдорем, то ки амнияти ҳар як кишвари аъзои Созмонро таъмин кунем”, – таъкид доштааст дабири кулли Созмон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.