Пешгирии қочоқи ҳудуди 100 кило маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Кормандони постгоҳи марзии “Сариосиё” дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон далели интиқоли миқдори зиёди маводи нашъаоварро ошкор намуданд. Тавре дафтари матбуоти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар медиҳад, соати 3:30 дақиқаи 25 август мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz”, таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон ба ин постгоҳ омадааст. Гуфта мешавад, дар назари аввал ҳеҷ чизи шубҳаоваре мушоҳида нашуда, ронанда изҳор доштааст, […]

Asia-Plus

Кормандони постгоҳи марзии “Сариосиё” дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон далели интиқоли миқдори зиёди маводи нашъаоварро ошкор намуданд.

Тавре дафтари матбуоти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар медиҳад, соати 3:30 дақиқаи 25 август мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz”, таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон ба ин постгоҳ омадааст.

Гуфта мешавад, дар назари аввал ҳеҷ чизи шубҳаоваре мушоҳида нашуда, ронанда изҳор доштааст, ки мувофиқи ҳуҷҷат дар автомашина 20 тонна калоба бор карда шудааст.

Аммо зимни азназаргузаронии ядак (притсеп)-и автомашинаи боркаш бо ёрии сагони хидматӣ маълум шудааст, ки дар қисмати пеши ядак 93 бастаи полиэтиленӣ пинҳон карда шудааст.

“Баъд аз кушодани бастаҳо дар 82 баста 85 килою 505 грамм ҳероин ва дар 11 бастаи боқимонда 11 килою 425 грам ҳашиш дарёфт шудааст, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ба сурати умум, аз кӯшиши интиқоли 96 килою 930 грамм маводи мухадир пешгирӣ карда шудааст.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далели содир шудани ҷиноят мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.