Посухи Амрулло Солеҳ ба “Толибон”: идораи Афғонистон бо як мушт бесаводи уқдаманд имконпазир нест

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Амруллоҳ Солеҳ муовини нахусти Ашраф Ғанӣ, ки ҳоло худро бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон сарпарасти ҳукумати ин кишвар медонад, дар як посухи фейсбукӣ ба "Толибон" мегӯяд, ки онҳо дар идораи давлат муваффақ намешаванд.

Амруллоҳ Солеҳ, ки ҳоло дар Панҷшер қарор дорад, гуфтааст, ки муқовимати мо барои дифоъ аз ҳаққи ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон аст. Ин муқовимат мустақар дар Панҷшер аст, на барои Панҷшер ва ба хотири Панҷшер.

"Имрӯз ин дара мизбони ҳамаи кишвар ва мояи умед барои ҳамаи миллати Афгонистон аст, ки доранд аз зулм, интиқомҷӯйӣ, таассуб, чаповул ба моли мардум ва торикандешии шумо фирор мекунанд. Агар миллат заррае ба шумо эътимод доранд, пас ин мавҷи мардум дар марзҳои кишвар чаро саф кашидаанд, ки ҳозиранд ҳамаи доштаҳои худро аз даст бидиҳанд ва фақат зери тасаллути шумо набошанд. Оё аз худ пурсидаед, ки чаро?",-суол гузоштааст муовини пешини ҳукумат.

Амруллоҳ Солеҳ гуфтааст, ки тасаллут бар соҳа дар чиҳилуду соли ахир маънои суботро надодааст ва тасаллути имрӯзии шумо бар хок, маънои субот ва пойдориатонро намедиҳад.

"Субот ва пойдории низом, устувор ба муаллифа (омил)-ҳое аст, ки гурӯҳи шумо аз он бисёр дур аст. Кофист, ки ба мусоҳиба ва амалкарди раддаи аввал таъиншудаҳои хеш таваҷҷуҳ кунед, то бароятон маълум гардад, ки идораи Афғонистон имрӯз бо як мушт бесаводи уқдаманд имконпазир нест",-ҳушдор медиҳад Солеҳ.

Ба назари ин мақомдори аршади собиқ, фурӯпошии иқтисод ва набуди дастгоҳи хидматрасонӣ мардумро хеле зуд ба сутуҳ хоҳад овард ва аслиҳаву равиши хашини Толибон дар баробари қиём ва хашми мардум ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт. 

Амрулло Солеҳ, ҳоло дар Панҷшер қарор дорад ва эълон кардааст, ки аз неруҳои муқовимати таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, ҳимоят мекунад. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...