RSF аз Душанбе озодии Ҳикматулло Сайфуллозодаро дархост намуд

Радиои Озодӣ

Созмони “Хабарнигорони Бидуни Марз” (RSF) аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намуд, ки мувофиқи қонуни авф рӯзноманигор ва яке аз фаъолони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ Ҳикматулло Сайфуллозодаро, ки ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст, озод кунад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба изҳороти рӯзи 9 сентябр нашршудаи ин созмон.

Дар изҳороти созмон зикр мешавад, ки Ҳикматулло Сайфуллозода аз соли 2015 дар зиндон адои ҷазо намуда, ҷонаш дар хатар аст.

Мавриди зикр аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ авф эълон кард.

Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ки авф 16 ҳазор нафарро фаро гирифта, 10 ҳазору 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.

Жан Кавелие, масъули бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони RSF изҳор доштааст, "ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар зиндон хатари марг таҳдид мекунад”.

“Вай сирф бо ангезаҳои сиёсӣ дастгир шуда, бояд даҳ соли дигарро дар маҳбас гузаронад. Ҷое, ки қурбонии бадрафторӣ шудааст. Озодии ӯ метавонад, ҳаёташро наҷот диҳад. Гузашта аз ин, барои ҷомеа ва мақомоти Тоҷикистон хатар надорад", – гуфтааст ӯ.

Ҳикматулло Сайфуллозода моҳи апрели имсол, дар пайи бад шудани вазъи саломатиаш, дар беморхонаи маҳбас бистарӣ ва сипас ҷарроҳӣ шуд. Ҳамсараш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошта буд, ки бар асари вазъи бади иқтисодии оила, онҳо наметавонанд ӯро бо дорувории тиббӣ таъмин кунанд.

Собиқ узви шӯрои сиёсии ҲНИТ, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” Ҳикматулло Сайфуллозода 2 июни соли 2016 ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Нимаи моҳи сентябри соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раҳбарияти ҲНИТ-ро ба даст доштан дар кӯшиши ошӯби ҳарбии собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода гунаҳкор донист.

Ҳамаи аъзои ҳайати раҳбарии ҲНИТ ба ҳабс гирифта шуда, ҳизб созмони террористӣ эълон шуд. Раҳбарияти ҳизб ҳамаи айбдориҳоро ҷиҳати даст доштан ба кӯшиши ошӯб қотеъона рад мекунад.

То соли 2015 ҲНИТ ягона ҳизбии расмии динии амалкунанда дар паҳнои пасошӯравӣ маҳсуб меёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...