Сафир дар Кобул мавқеи Тоҷикистонро нисбати “Толибон” шарҳ дод

Asia-Plus

Дар Кобул рӯзи 7 сентябр мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо сарпарасти Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон (UNAMA) бону Метте Нудсен баргузор гардид.

Тавре дар сомонаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Афғонистон хабар дода мешавад, Метте Нудсен бо табрики 30-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, баррасии вазъи Афғонистон ва ҳамкориҳои ояндаи UNAMA бо ҳамсоякишварҳои Афғонистонро зарурӣ донист.

“Аз назари UNAMA, нақши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки то ин дам муҳим буд, аз ин пас муҳимтар хоҳад шуд, бахусус, нақши Тоҷикистон”, – иброз доштааст ӯ зимни мулоқот.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон мавқеи расмии Тоҷикистонро бо истинод ба суханони президенти кишвар дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷии Покистон баён карда, гуфтааст, ки Тоҷикистон тарафдори рӯи кор омадани ҳукумати ҳамашумул дар кишвари ҳамсоя аст.

“Ҳукумате, ки дар он ҳуқуқи занон, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи дигар ақвом, бахусус тоҷикон, ки беш аз 46 фоизи аҳолии кишвари иқоматро ташкил медиҳанд, эҳтиром ва риоят шавад”, – изҳор доштааст Саъдӣ Шарифӣ.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.